Bible App logo
Search Icon

Забур 30

30
ТАРОНАИ СИЮМ
Умедворони Худованд хиҷил намешаванд.
1Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
2Ба Ту, эй Худованд, паноҳ бурдаам,
харгиз хиҷил нахоҳам шуд;
аз рӯи адолати Худ маро раҳоӣ деҳ.
3Гӯши Худро сӯи ман хам намо, ба зудӣ маро халосӣ деҳ.
Барои ман кӯҳпораи қавӣ ва хонаи паноҳ бош,
то ки маро наҷот диҳӣ,
4Зеро ки сахра ва қалъаи ман Ту ҳастӣ;
ва ба хотири исми Худ маро ҳодӣ ва роҳнамо бош.
5Маро аз доме ки барои ман пинҳон кардаанд,
берун ор, зеро ки Ту истеҳкоми ман ҳастӣ.
6Рӯҳи худро ба дасти Ту месупорам;
Ту, эй Худованд, эй Худои ростӣ, маро раҳоӣ додаӣ.
7Аз пайравони бутҳои бекора нафрат дорам;
ва ман ба Худованд таваккал мекунам.
8Ба эҳсони Ту шодӣ ва хурсандӣ мекунам,
чунки мусибати маро дидаӣ, ғуссаҳои ҷонамро донистаӣ,
9Ва маро ба дасти душман насупурдаӣ,
пойҳоямро дар вусъатобод истонидаӣ.
10Ба ман марҳамат намо, эй Худованд, зеро ки ба танг омадаам;
чашмам аз кулфат хаста шудааст, ҷонам ва ҷисмам низ.
11Зеро ки ҳаётам аз андӯҳ
ва солҳоям аз оҳу фиғон адо шудааст;
аз гуноҳи ман қувватам заиф
ва устухонҳоям хушк шудааст.
12Аз дасти ҳамаи хасмҳои худ барои ҳамсояҳоям хеле нангин
ва барои ошноҳоям воҳиманок гардидаам:
ҳар кӣ маро дар кӯча бинад, аз ман мегурезад.
13Монанди мурда аз дилҳо фаромӯш шудаам;
мисли зарфи шикастае гардидаам,
14Зеро ки маломати касони бисьёрро мешунавам;
дар гирду пешам даҳшат аст,
чунки онҳо бар зидди ман маслиҳатро ба як ҷо мемонанд:
ба фикри гирифтани ҷонам афтодаанд.
15Валекин ман ба Ту, эй Худованд, таваккал мекунам;
ман мегӯям: Худои ман Ту ҳастӣ.
16Тақдири ман дар дасти Туст;
маро аз дасти душманонам
ва таъқибкунандагонам халосӣ деҳ.
17Рӯи Худро ба бандаи Худ мунаввар намо,
бо эҳсони Худ маро наҷот деҳ.
18Худовандо! Ман хиҷил нахоҳам шуд, чунки Туро хондаам;
лекин шарирон хиҷил хоҳанд шуд, дар дӯзах лаб фурӯ хоҳанд баст.
19Забонҳои дурӯғгӯй лол хоҳанд шуд,
ки бо ғурур ва тамасхур дар ҳаққи одил бадгӯӣ мекунанд.
20Чӣ қадар фаровон аст меҳрубонии Ту,
ки барои тарсгорони Худ нигоҳ доштаӣ
ва барои паноҳбарони Худ пеши назари банӣ‐одам ба амал овардаӣ:
21Онҳоро дар паноҳи рӯи Худ аз дасисаҳои мардум пинҳон медорӣ;
онҳоро аз муноқишаи забонҳо дар хайма руст мекунӣ.
22Муборак аст Худованд,
ки эҳсони аҷоиби Худро дар шаҳри муҳосирашуда ба ман зоҳир кард!
23Валекин ман дар маъюсии худ гуфтам,
ки аз назари Ту рад шудаам;
аммо, вақте ки сӯи Ту истиғоса бурдам,
овози зориҳоямро шунидӣ.
24Худовандро дӯст доред, эй ҳамаи порсоёни Ӯ!
Аминонро Худованд ҳифз менамояд,
ва мағруронро сазои барзиёд медиҳад.
25Матин бошед, ва дилатон қавӣ хоҳад шуд,
эй ҳамаи умедворони Худованд!

Currently Selected:

Забур 30: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in