Bible App logo
Search Icon

Забур 29

29
ТАРОНАИ БИСТУ НӮҲУМ
Шукрона барои наҷот додани ҳаёт.
1Таронаи Довуд; суруди тақдиси хона.
2Туро, эй Худованд, такбир менамоям, зеро ки маро раҳо кардӣ,
ва душманонамро бар ман шодком нагардондӣ.
3Худовандо, Худои ман!
Сӯи Ту истиғоса бурдам, ва маро шифо додӣ.
4Худовандо! Ҷонамро аз дӯзах баровардӣ,
маро зинда кардӣ, то ки ба қабр фурӯд наоям.
5Худовандро бисароед, эй порсоёни Ӯ,
ва зикри қудсияти Ӯро ҳамд гӯед,
6Зеро ки ғазаби Ӯ як лаҳза аст,
ва ҳусни таваҷҷӯҳи Ӯ дар зарфи як зиндагонӣ:
бегоҳӣ гирья маскан мегирад,
валекин пагоҳӣ — шодмонӣ.
7Ва ман дар некрӯзии худ мегуфтам:
«Ҳаргиз фурӯ нахоҳам ғалтид».
8Худовандо! Бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ кӯҳи маро қувват бахшидӣ,
аммо чун рӯи Худро пинҳон кардӣ, ҳаросон шудам.
9Сӯи Ту, эй Худованд, мехонам,
ва пеши Худованди худ зорӣ мекунам.
10Аз хуни ман чӣ фоида, вақте ки ба гӯр фурӯд оям?
Оё хок Туро шукрона мегӯяд? Оё ростии Туро
ба забон меоварад?
11Бишнав, эй Худованд, ва ба ман марҳамат намо.
Худовандо! Мададгори ман бош.
12Мотамамро барои ман ба рақс мубаддал кардаӣ,
палосамро кашида, камарамро ба шодӣ бастаӣ,
13То ки нафсам Туро бисарояд ва хомӯш нашавад.
Худовандо, Худои ман! Туро ҳамд хоҳам гуфт то абад.

Currently Selected:

Забур 29: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in