Bible App logo
Search Icon

Забур 31

31
ТАРОНАИ СИЮ ЯКУМ
Хушбахтии гуноҳкоре ки тавба кардааст ва омурзида шудааст.
1Суруди таълимии Довуд.
Хушо касе ки ҷиноятҳояш омурзида ва хатоҳояш пӯшида шудааст.
2Хушо касе ки Худованд гуноҳи варо ба ҳисоб намеоварад,
ва дар рӯҳи вай ҳилагарӣ нест.
3Вақте ки хомӯш будам,
устухонҳоям аз фиғони ҳаррӯзаи ман мепӯсид,
4Зеро ки рӯзу шаб дасти Ту бар ман фишор меовард;
илики ман ба хушкии тобистон мубаддал шудааст. Село.
5Хатоямро ба Ту маълум кардаам,
ва гуноҳамро пинҳон надоштаам; гуфтам:
«Ба ҷиноятҳоям пеши Худованд иқрор мешавам»,
ва Ту айби хатоямро афв кардаӣ. Село.
6Бинобар ин ҳар порсо дар вақти иҷобат пеши Ту дуо хоҳад гуфт,
ва дар он сурат ҷараёни обҳои бисьёр ба вай нахоҳад расид.
7Ту паноҳгоҳи ман ҳастӣ, маро аз тангӣ ҳифз мекунӣ,
маро бо таронаҳои халосӣ иҳота менамоӣ. Село.
8«Ман туро таълим хоҳам дод ва ба роҳе ки бояд биравӣ, ҳидоят хоҳам кард:
туро насиҳат хоҳам дод; чашмам бар туст.
9Мисли асп, мисли хачир бефаҳм набошед,
ки онҳоро сӯлуқ ва ҷилав мезананд,
ки ин зинат барои нигоҳ доштани онҳост,
вагар на наздики ту нахоҳанд омад».
10Шарир ғаму ғуссаи зиёде дорад,
аммо касе ки ба Худованд таваккал менамояд,
эҳсон ӯро иҳота хоҳад кард.
11Дар Худованд шодӣ ва хурсандӣ кунед, эй одилон!
Ва тараннум намоед, эй ҳамаи ростдилон!

Currently Selected:

Забур 31: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in