Забур 26
26
ТАРОНАИ БИСТУ ШАШУМ
Умедворони Худованд аз душманон наметарсанд.
1Таронаи Довуд.
Худованд нури ман ва наҷоти ман аст: аз кӣ тарсон бошам?
Худованд истеҳкоми ҷони ман аст: аз кӣ ҳаросон бошам?
2Вақте ки бадкешон ба ман наздик шуданд, то ки гӯшти маро бихӯранд,
адуёнам ва душманонам худашон ноком шуда, афтоданд.
3Агар дар муҳосираи душман бимонам,
дилам нахоҳад тарсид;
агар бар зидди ман корзор барпо шавад,
дар он сурат низ таваккал хоҳам кард.
4Як чизро аз Худованд пурсидаам, ва онро хоҳам талабид,
ки тамоми айёми умри худ дар хонаи Худованд сокин бошам,
шавкати Худовандро мушоҳида намоям
ва дар қасри Ӯ назорат кунам;
5Зеро ки маро дар рӯзи тира дар хаймаи Худ пинҳон хоҳад дошт,
дар паноҳи хиргоҳи Худ руст хоҳад кард,
бар кӯҳпора баланд хоҳад бардошт.
6Ва алҳол сарам бар душманонам, ки гирди маро гирифтаанд, баланд хоҳад шуд,
ва дар хаймаи Ӯ қурбониҳои шодиёна хоҳам овард,
дар шаъни Худованд суруд хоҳам хонд ва Ӯро хоҳам сароид.
7Худовандо! Маро, ки бо овози худ мехонам, бишнав,
ва ба ман марҳамат намо ва маро иҷобат бикун.
8Дилам аз ҷониби Ту мегӯяд: «Ҷӯёи рӯи Ман бошед»;
ва ман, эй Худованд, ҷӯёи рӯи Ту хоҳам буд.
9Рӯи Худро аз ман пинҳон надор;
бандаи Худро дар ғазабат напартой;
Ту мададгори ман будӣ;
маро рад накун ва тарк накун,
эй Худои наҷоти ман!
10Зеро ки падару модарам маро тарк кардаанд,
вале Худованд маро пазироӣ менамояд.
11Тариқи Худро, эй Худованд,
ба ман таълим деҳ, ва маро,
бар хилофи иродаи бадхоҳонам, ба роҳи рост андоз.
12Маро ба дасти адуёнам насупор,
зеро ки шоҳидони козиб
ва бадхоҳон бар ман қиём кардаанд.
13Лекин эътиқод доштам,
ки лутфи Худовандро дар замини зиндаҳо хоҳам дид.
14Ба Худованд умедвор бош,
матин бош, ва дилат қавӣ хоҳад шуд;
ба Худованд умедвор бош.
Currently Selected:
Забур 26: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.