Bible App logo
Search Icon

Забур 25

25
ТАРОНАИ БИСТУ ПАНҶУМ
Дуо дар бораи наҷот додани бегуноҳон.
1Таронаи Довуд. Маро дар доварӣ ҳимоят намо, эй Худованд,
зеро ки ман дар беайбии худ рафтор кардаам,
ва ба Худованд таваккал намудаам, пас пешпо нахоҳам хӯрд.
2Маро имтиҳон намо, эй Худованд, ва маро биозмой;
ботинам ва диламро бигудоз;
3Зеро ки эҳсони Ту пеши назари ман аст,
ва дар ростии Ту рафтор кардаам;
4Бо мардуми каҷрафтор нанишастаам,
ва бо риёкорон нахоҳам рафт;
5Аз ҷамоати бадкешон нафрат дорам,
ва бо шарирон нахоҳам нишаст;
6Кафҳоямро ба покӣ хоҳам шуст,
ва гирди қурбонгоҳи Ту, эй Худованд, хоҳам гашт,
7То ки овози шукронаи худро бишнавонам,
ва ҳамаи корҳои аҷоиби Туро нақл намоям.
8Худовандо! Макони хонаи Туро дӯст медорам,
ва мақоми маскани ҷалоли Туро.
9Ҷонамро бо хатокорон
ва ҳаётамро бо хунхӯрон нобуд накун,
10Ки дар дастҳошон фисқу фуҷур аст,
ва яминашон пур аз ришва.
11Валекин ман дар беайбии худ рафтор мекунам;
маро раҳоӣ деҳ ва ба ман марҳамат намо.
12Поям дар ҷои ҳамвор истодааст;
дар ҷамъомадҳо Худовандро муборак хоҳам хонд.

Currently Selected:

Забур 25: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

Video for Забур 25