Забур 27
27
ТАРОНАИ БИСТУ ҲАФТУМ
Дуо дар бораи мадади Худо ва шукрона барои марҳамати Ӯ.
1Таронаи Довуд.
Сӯи Ту, эй Худованд, мехонам.
Эй кӯҳпораи ман, аз пешам хомӯш нагузар:
мабодо аз пешам хомӯш гузарӣ,
ва ман мисли фурӯравандагони гӯр гардам.
2Овози зориҳои маро бишнав,
вақте ки сӯи Ту истиғоса мебарам
ва дастҳои худро сӯи ҳарами муқаддаси Ту мебардорам.
3Маро бо шарирон ва бадкирдорон маҳв накун,
ки бо ёронашон дар бораи сулҳу осоиштагӣ сухан меронанд,
вале бадӣ дар дил доранд.
4Ба онҳо мувофиқи корҳошон, мувофиқи кирдорҳои бадашон мукофот деҳ;
мувофиқи аъмоли дастҳошон ба онҳо подош деҳ;
сазояшонро ба онҳо баргардон.
5Азбаски ба корномаҳои Худо
ва ба аъмоли дастҳои Ӯ диққат намедиҳанд,
онҳоро хароб хоҳад кард ва бино нахоҳад намуд.
6Худованд муборак аст,
зеро ки овози зориҳои маро шунидааст.
7Худованд қуввати ман ва сипари ман аст;
дилам ба Ӯ таваккал намуд, ва ман мадад ёфтам,
ва дилам шод шуд,
ва Ӯро бо суруди худ ҳамд хоҳам гуфт.
8Худованд қуввати қавми Худ
ва истеҳқоми наҷоти масеҳи Худ мебошад.
9Қавми Худро наҷот деҳ ва мероси Худро баракат фармо;
онҳоро чӯпонӣ бикун ва барафроз то абад!
Currently Selected:
Забур 27: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.