YouVersion Logo
Search Icon

Масалҳо 19

19
БОБИ НУЗДАҲУМ
Давоми он. Аблаҳӣ ва коҳилӣ зарар дорад.
1Бенавое ки бо роҳи рости худ равон аст,
беҳ аз каҷгуфторе ки аблаҳ бошад.
2Бепарвогии ҷон ҳам хуб нест,
ва касе ки бо пойҳои худ шитобад, пешпо мехӯрад.
3Беақлии одам роҳи ӯро каҷ мекунад,
вале дили ӯ аз Худованд гиламанд мешавад.
4Сарват ёрони бисьёрро ҳамроҳ мекунад,
вале бенаво аз ёри худ ҷудо мешавад.
5Шоҳиди козиб беҷазо намемонад,
ва касе ки суханони дурӯғ бофад, раҳо намешавад.
6Бисьёр касон дидори валинеъматро толибанд,
ва ҳама ёри шахси инъомдеҳ ҳастанд.
7Ҳамаи бародарони бенаво аз ӯ нафрат мекунанд,
алалхусус ёронаш аз ӯ дур мешаванд;
аз паи ваъдаҳошон медавад, аммо нестанд.
8Касе ки ҳикмат пайдо кунад, ҷони худро дӯст медорад;
касе ки хирадро нигоҳ дорад, файз меёбад.
9Шоҳиди козиб беҷазо намемонад,
ва касе ки суханони дурӯғ бофад, ба ҳалокат мерасад.
10Ба аблаҳ айшу тараб намезебад,
алалхусус ба ғулом — ҳукмронӣ бар мирон.
11Ақли одам хашми ӯро бозмедорад,
ва аз бадкорӣ чашм пӯшида гузаштан ҷалолати ӯст.
12Ғазаби подшоҳ мисли ғурриши шери ҷавон аст,
ва хусни таваҷҷӯҳи ӯ мисли шабнам аст бар алаф.
13Писари аблаҳ фалокат аст барои падар,
ва ситезаҳои зан мисли чак‐чаки шилқин аст.
14Хона ва дороӣ мероси падарон аст,
вале зани соҳибфаҳм аз ҷониби Худованд аст.
15Коҳилӣ касро хоболуд мегардонад,
ва шахси танбал гирифтори гуруснагӣ мешавад.
16Касе ки аҳкомро риоя кунад, ҷони худро нигаҳбонӣ менамояд,
вале касе ки ба роҳҳои худ беэътиноӣ кунад, ба ҳалокат мерасад.
17Касе ки ба бенаво марҳамат кунад, ба Худованд қарз медиҳад,
ва Ӯ мукофоти некии варо ба вай адо мекунад.
18Писари худро ҷазо деҳ, ҳанӯз ки умеде ҳаст,
ва аз гирьяи ӯ ҷони худро накоҳон.
19Пурхашм албатта ҷазо мебинад,
чунки агар ӯро раҳо намоӣ, боз ҳам ҷазо додан лозим мешавад.
20Машваратро бишнав ва насиҳатро қабул намо,
то ки оқибат ту хирадманд шавӣ.
21Дар дили одам фикрҳо бисьёр аст,
вале фақат нақши Худованд ба амал меояд.
22Ифтихори одам эҳсонкории ӯст,
ва бенаво беҳ аз шахси каззоб.
23Худотарсӣ боиси ҳаёт аст,
ва тарсгор дар некӣ сокин аст ва аз ҳар бадӣ эмин аст.
24Коҳил дасти худро дар табақ меандозад,
ва онро ҳатто ба даҳони худ намебарад.
25Масхарабозро шаллоқ занӣ, соддадил ҳушьёр мешавад;
оқилро мазаммат намоӣ, насиҳатро дарк мекунад.
26Писари нанговар ва беор падарро тороҷ мекунад,
ва модарро меронад.
27Эй писарам! Шунидани пандро бас кун,
агар аз суханони дониш дур мешуда бошӣ.
28Шоҳиди сафил довариро тамасхур мекунад,
ва даҳони шарирон талбисро фурӯ мебарад.
29Қасосҳо барои масхарабозон муҳайёст,
ва зарбу латҳо — барои ҷисми аблаҳон.

Currently Selected:

Масалҳо 19: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in