YouVersion Logo
Search Icon

Масалҳо 18

18
БОБИ ҲАЖДАҲУМ
Давоми он.
1Худком толиби ҳавас аст,
ба зидди ҳар зиракӣ қиём мекунад.
2Аблаҳ хирадро дӯст намедорад,
балки фақат дили худро мехоҳад зоҳир созад.
3Бо омадани шарир нафрат ҳам меояд,
ва бо бадномӣ — шармандагӣ.
4Суханони даҳони одам обҳои чуқур аст;
селоб аст, ки аз чашмаи ҳикмат ҷорист.
5Рӯйбинӣ кардан ба шарир,
ё раво надидани доварӣ ба одил хуб нест.
6Лабҳои аблаҳ бо ҷанҷол меояд,
ва даҳони ӯ сабаби занозанӣ мешавад.
7Даҳони аблаҳ барои ӯ таҳлука аст,
ва лабҳои ӯ барои ҷони ӯ дом аст.
8Суханони бадгӯй мисли таомҳои лазиз аст,
ва онҳо андаруни ботин фурӯ меравад.
9Касе ки дар кори худ танбал бошад,
бародари харобкор аст.
10Исми Худованд бурҷи кувват аст:
одил сӯи он медавад, ва паноҳ меёбад.
11Дороии сарватдор шаҳри мустаҳками ӯст,
ва дар хаёли ӯ мисли ҳисори баланд аст.
12Қабл аз шикаст дили кас ғурур мекунад,
ва моқабли ҷалол фурӯтанист.
13Касе ки ношунида ҷавоб гардонад, беақл аст,
ва ин барои ӯ нанг аст.
14Рӯҳи одам бемории ӯро мебардорад,
вале рӯҳ агар афсурда бошад, кист, ки тавонад онро бардорад?
15Дили оқил дониш пайдо мекунад,
ва гӯши хирадмандон толиби дониш аст.
16Инъоми одам барои ӯ вусъат муҳайё мекунад,
ва ӯро сӯи бузургон ҳидоят менамояд.
17Нахустин дар даъвои худ ҳақ менамояд,
вале ҳарифи ӯ меояду ӯро тафтиш мекунад.
18Қуръа ба ситезаҳо хотима медиҳад,
ва даъвогаронро аз ҳам ҷудо мекунад.
19Бародари ранҷида аз шаҳри мустаҳкам устувортар аст,
ва ситезаҳо ба ғалақаҳои қаср монанд аст.
20Аз меваи даҳони одам батни ӯ пур мешавад:
аз маҳсули лабҳои худ ӯ сер мешавад.
21Мамот ва ҳаёт дар дасти забон аст,
ва дӯстдорони он меваи онро мехӯранд.
22Касе ки зани солеҳа дошта бошад, некбахтӣ пайдо кардааст,
ва аз ҷониби Худованд файз ёфтааст.
23Бенаво бо зорӣ сухан меронад,
вале сарватдор бо дуруштӣ ҷавоб медиҳад.
24Ёроне ҳастанд, ки ба шикаст мерасонанд,
вале дӯсте ҳаст, ки аз бародар маҳкамтар мечаспад.

Currently Selected:

Масалҳо 18: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in