Масалҳо 20
20
БОБИ БИСТУМ
Огоҳӣ ва пандҳо.
1Шароб масхара медорад, бӯза талотум мекунад,
ва ҳар кӣ саргарми он гардад, хирадманд намешавад.
2Ҳайбати подшоҳ мисли ғурриши шери ҷавон аст;
касе ки ӯро ба хашм оварад, ҷони худро дар хатар мемонад.
3Аз ҷанҷол дур шудан барои одам шараф аст,
вале ҳар шахси беақл манша мекунад.
4Коҳил зимистон шудгор намекунад,
ва дар мавсими дарав толиби ҳосил мешавад — ва намеёбад.
5Андешаи дили одам обҳои чуқур аст,
вале шахси хирадманд онҳоро мекашад.
6Бисьёр касон ба шахси эҳсонкоре дучор меоянд,
вале кист, ки тавонад шахси аминро биёбад?
7Одил дар беайбии худ рафтор мекунад;
хушо писарони ӯ баъд аз ӯ!
8Подшоҳ, ки бар курсии доварӣ менишинад,
бо нигоҳи чашмони худ ҳар бадиро пароканда мекунад.
9Кист, ки тавонад бигӯяд: «Дили худро тоза кардаам,
аз гуноҳи худ пок шудаам»?
10Сангҳои дигар‐дигар, андозаҳои дигар‐дигар —
ҳар дуяш ҳам назди Худованд зишт аст.
11Бача низ аз рӯи корҳояш шинохта мешавад,
ки оё рафтораш пок ва рост аст ё не.
12Гӯши шунаво ва чашми бино —
ҳар дуяшро ҳам Худованд офаридааст.
13Хобро дӯст надор: мабодо бенаво гардӣ;
чашмонатро воз кун, то ки аз нон сер шавӣ.
14Харидор мегӯяд: «Бад аст, бад аст»;
вале пас аз рафтани худ аз харидаш фахр мекунад.
15Тилло ва ҷавоҳири бисьёре ҳаст,
вале лабҳои оқилона аз ҳар чиз гаронбаҳотар аст.
16Либоси ӯро бигир, чунки ба бегона зомин шудааст:
ва аз ӯ, ки зомини шахси ғайр аст, гарав бигир.
17Нони ҳаром ба кас ширин аст,
вале баъд даҳони ӯ аз сангреза пур мешавад.
18Нақшаҳо бо машварат ба амал меояд,
ва ту бо тадбирсозӣ ҷанг бикун.
19Хабаркаш сирро ошкор мекунад;
пас ту бо даҳаньяла алоқа накун.
20Касе ки падару модари худро дашном диҳад,
чароғаш дар торикии зулмот хомӯш мешавад.
21Меросе ки дар аввал бо осонӣ ба даст омада бошад,
оқибаташ бобаракат намешавад.
22Нагӯй: «Барои бадӣ интиқом мегирам»;
ба Худованд таваккал намо, ва Ӯ туро наҷот медиҳад.
23Сангҳои дигар‐дигар назди Худованд зишт аст,
ва тарозуи нодуруст хуб нест.
24Қадамҳои кас аз ҷониби Худованд аст;
пас одамизод чӣ гуна тавонад роҳи худро бифаҳмад?
25Чизеро сабукфикрона муқаддас хондан
ва баъд аз назр мулоҳиза кардан — дом аст барои одамизод.
26Подшоҳи хирадманд шариронро пароканда мекунад,
ва чархро бар онҳо мегардонад.
27Рӯҳи одам чароғи Худованд аст,
ки тамоми ботинро месанҷад.
28Эҳсон ва ростӣ подшоҳро нигаҳбонӣ мекунад,
ва ӯ тахти худро бо эҳсон тақвият медиҳад.
29Ҷалолати ҷавонон қуввати онҳост,
ва шавкати пирон — мӯи сафедашон.
30Ҷароҳатҳои шаллоқ давои шахси бадкор аст,
ва зарбу лат, ки андаруни батн фурӯ меравад.
Currently Selected:
Масалҳо 20: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.