1
Масалҳо 19:21
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Дар дили одам фикрҳо бисьёр аст, вале фақат нақши Худованд ба амал меояд.
Compare
Explore Масалҳо 19:21
2
Масалҳо 19:17
Касе ки ба бенаво марҳамат кунад, ба Худованд қарз медиҳад, ва Ӯ мукофоти некии варо ба вай адо мекунад.
Explore Масалҳо 19:17
3
Масалҳо 19:11
Ақли одам хашми ӯро бозмедорад, ва аз бадкорӣ чашм пӯшида гузаштан ҷалолати ӯст.
Explore Масалҳо 19:11
4
Масалҳо 19:20
Машваратро бишнав ва насиҳатро қабул намо, то ки оқибат ту хирадманд шавӣ.
Explore Масалҳо 19:20
5
Масалҳо 19:23
Худотарсӣ боиси ҳаёт аст, ва тарсгор дар некӣ сокин аст ва аз ҳар бадӣ эмин аст.
Explore Масалҳо 19:23
6
Масалҳо 19:8
Касе ки ҳикмат пайдо кунад, ҷони худро дӯст медорад; касе ки хирадро нигоҳ дорад, файз меёбад.
Explore Масалҳо 19:8
7
Масалҳо 19:18
Писари худро ҷазо деҳ, ҳанӯз ки умеде ҳаст, ва аз гирьяи ӯ ҷони худро накоҳон.
Explore Масалҳо 19:18
8
Масалҳо 19:9
Шоҳиди козиб беҷазо намемонад, ва касе ки суханони дурӯғ бофад, ба ҳалокат мерасад.
Explore Масалҳо 19:9