Bible App logo
Search Icon

Инҷили Матто 23

23
БОБИ БИСТУ СЕЮМ
Риёкории китобдонон ва фарисиён.
1Он гоҳ Исо ба мардум ва ба шогирдони Худ хитоб кард
2Ва гуфт: «Китобдонон ва фарисиён бар курсии Мусо нишастаанд;
3Пас, он чи ба шумо гӯянд, ба ҷо оваред ва риоя кунед; лекин аз рӯи аъмоли онҳо рафтор накунед, зеро ки мегӯянд ва намекунанд;
4Борҳои гарон ва душворро баста, бар дӯши мардум мегузоранд, лекин худашон намехоҳанд онҳоро ҳатто бо як ангушт ҳаракат диҳанд;
5Ҳамаи корҳои худро барои он мекунанд, ки ба мардум нишон диҳанд: дуо‐қуттичаҳон#23:5 дуо‐қуттичаҳон — чор дуоро аз матни Таврот бар чор порча коғази пӯст навишта, дар қуттичаи мукааби чармин ҷой медоданд ва ин қуттичаро ба тасмаҳои дарози чармин мепайвастанд; дар вақти ибодат марди яҳудӣ якто дуо‐қуттичаро ба сари худ ва яктои дигари онро ба дасти чапи худ мебаст. худро васеътар мекунанд ва пӯпакҳои ридоҳои#23:5 пӯпакҳои ридоҳои — марди яҳудӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ аз болои либоси таг ридои (қабои) махсусе мепӯшид ва, ғайр аз он, дар вақти ибодат ба сари худ ридои дигари калонтаре мегирифт; дар чор гӯшаи ин ридоҳо шумораи муайяни нахҳои пашмин бо чандин гиреҳ, мисли пӯпак, овехта мешуд. худро калонтар месозанд;
6Ва дӯст медоранд, ки дар зиёфатҳо болонишин бошанд ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷойгир шаванд,
7Ва дар кӯчаю бозорҳо мардум ба онҳо таъзим кунанд ва онҳоро „Устод! Устод!“ гӯянд.
8Лекин шумо набояд устод хонда шавед, зеро ки устоди шумо якест, яъне Масеҳ аст, ва ҳамаи шумо бародаронед;
9Ва ҳеҷ касро бар замин падари худ нахонед, зеро ки Падари шумо якест, ки дар осмон аст;
10Ва набояд роҳнамо хонда шавед, зеро ки Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст.
11Бузургтарини шумо хизматгори шумо бошад:
12Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад.
Исо ба китобдонон ва фарисиён «вой бар ҳоли шумо» мегӯяд.
13Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки Малакути Осмонро ба рӯи мардум мебандед; зеро ки худатон намедароед ва ба онҳое ки даромадан мехоҳанд, монеъ мешавед.
14Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаред ва дуоро риёкорона тӯл медиҳед: ба ин сабаб сахттар маҳкум хоҳед шуд.
15Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки баҳр ва хушкиро давр мезанед, то якеро ба дини худ гардонед; ва ҳангоме ки ин ба шумо муяссар шавад, вайро ду баробар аз худатон зиёдтар писари дӯзах месозед.
16Вой бар ҳоли шумо, эй пешвоёни кӯр, ки мегӯед: „Ҳар кӣ ба маъбад қасам хӯрад, ҳеҷ гап не; лекин ҳар кӣ ба тиллои маъбад қасам хӯрад, ӯҳдадор хоҳад буд“.
17Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш афзал аст: тилло ё маъбад, ки тиллоро тақдис мекунад?
18Ҳамчунин мегӯед: „Ҳар кӣ ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, ҳеҷ гап не; лекин хар кӣ ба қурбоние ки бар он аст, қасам хӯрад, ӯҳдадор хоҳад буд“.
19Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш афзал аст: қурбонӣ ё қурбонгоҳ, ки қурбониро тақдис мекунад?
20Пас, ҳар кӣ ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, ба он ва ба ҳар чи бар он аст, қасам хӯрда бошад;
21Ва ҳар кӣ ба маъбад қасам хӯрад, ба он ва ба Ӯ, ки сокини он аст, қасам хӯрда бошад.
22Ва ҳар кӣ ба осмон қасам хӯрад, ба таҳти Худо ва ба Ӯ, ки бар он нишастааст, қасам хӯрда бошад.
23Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки аз наъно, бодиён ва зира ушр медиҳед, лекин бузургтарин аҳкоми шариат, яъне доварӣ, марҳамат ва имонро тарк кардаед; мебоист онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед.
24Эй пешвоёни кӯр, ки пашшаро софӣ карда, шутурро фурӯ мебаред!
25Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, дар сурате ки даруни онҳо аз дуздӣ ва ифроткорӣ пур аст.
26Эй фарисии кӯр! Аввал даруни пиёла ва табақро тоза кун, то ки беруни он низ тоза бошад.
27Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки ба қабрҳои сафед кардашуда монанд мебошед, ки аз берун зебо менамоянд, лекин дарунашон аз устухонҳои мурдагон ва ҳар хел наҷосат пур аст;
28Ҳамчунин шумо низ ба зоҳир ба назари мардум одил менамоед, лекин дар ботин аз риёкорӣ ва шарорат пур ҳастед.
29Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки мақбараҳои анбиёро бино мекунед ва биноҳои ёдгории одилонро зинат медиҳед,
30Ва мегӯед: „Агар дар замони падарони худ мебудем, дар рехтани хуни анбиё бо онҳо шарик намешудем“.
31Ба ҳамин тариқ худатон бар зидди худ шаҳодат медиҳед, ки фарзандони қотилони анбиё ҳастед;
32Пас, шумо ҳам зарфи падарони худро лабрез кунед.
33Эй морон ва афъизодагон! Аз маҳкумияти дӯзах чӣ тавр гурехта метавонед?
34Бинобар ин, инак, Ман назди шумо анбиё ва хукамо ва китобдононро мефиристам; ва шумо баъзеро хоҳед кушт ва маслуб хоҳед кард, ва баъзеро дар куништҳои худ тозиёна зада, аз шаҳре ба шаҳре хоҳед ронд;
35То тамоми хуни одилон, ки бар замин рехта шуд, бар сари шумо фурӯд ояд, аз хуни Ҳобили одил то хуни Закарьё ибни Баракьё, ки вайро шумо дар миёни маъбад ва қурбонгоҳ куштед.
36Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин ҳама бар сари ин насл хоҳад омад.
Маҳзунии Исо дар бораи Ерусалим.
37Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!
38Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад.
39Зеро ба шумо мегӯям: аз ин пас Маро нахоҳед дид, то даме ки бигӯед: „Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!“»

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in