1
Инҷили Матто 23:11
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Бузургтарини шумо хизматгори шумо бошад
Compare
Explore Инҷили Матто 23:11
2
Инҷили Матто 23:12
Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад.
Explore Инҷили Матто 23:12
3
Инҷили Матто 23:23
Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки аз наъно, бодиён ва зира ушр медиҳед, лекин бузургтарин аҳкоми шариат, яъне доварӣ, марҳамат ва имонро тарк кардаед; мебоист онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед.
Explore Инҷили Матто 23:23
4
Инҷили Матто 23:25
Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, дар сурате ки даруни онҳо аз дуздӣ ва ифроткорӣ пур аст.
Explore Инҷили Матто 23:25
5
Инҷили Матто 23:37
Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!
Explore Инҷили Матто 23:37
6
Инҷили Матто 23:28
Ҳамчунин шумо низ ба зоҳир ба назари мардум одил менамоед, лекин дар ботин аз риёкорӣ ва шарорат пур ҳастед.
Explore Инҷили Матто 23:28