Bible App logo
Search Icon

Инҷили Матто 24

24
БОБИ БИСТУ ЧОРУМ
Исо бар кӯҳи Зайтун.
1Ва Исо аз маъбад баромада, мерафт. Ва шогирдонаш назди Ӯ омаданд, то ки иморатҳои маъбадро ба Ӯ нишон диҳанд.
2Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар ин ҷо санге бар санге нахоҳад монд; ҳамааш хароб хоҳад шуд».
Аломоти омадани дуюми Худованд.
3Вақте ки Ӯ бар кӯҳи Зайтун нишаста буд, шогирдонаш ба танҳоӣ назди Ӯ омада, пурсиданд: «Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад? Ва аломати омадани Ту ва охирзамон чӣ гуна аст?»
4Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳушьёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад;
5Зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки „ман Масеҳ ҳастам“, ва мардуми бисьёрро гумроҳ хоҳанд кард.
6Ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро хоҳед шунид. Зинҳор, натарсед; зеро ҳамаи ин бояд воқеъ шавад; лекин ин ҳанӯз интиҳо нест:
7Зеро қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард, ва дар ҳар ҷо қаҳтиҳо, вабоҳо ва зилзилаҳо рӯй хоҳад дод;
8Аммо ҳамаи инҳо ибтидои дардҳост.
9Он гоҳ шуморо ба шиканҷаҳо таслим карда, хоҳанд кушт; ва ҳамаи қавмҳо аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт.
10Дар он замон бисьёр касон ба васваса хоҳанд афтод; ва якдигарро таслим хоҳанд кард ва аз якдигар нафрат хоҳанд дошт;
11Ва басе анбиёи козиб ба майдон омада, мардуми бисьёрро гумроҳ хоҳанд кард;
12Ва ба сабаби афзудани шарорат, муҳаббати бисьёр касон сард хоҳад шуд;
13Лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.
14Ва ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид.
Мусибати бузурги оянда.
15Пас, чун кароҳати харобиро, ки Дониёли набӣ ба забон овардааст, дар ҷои муқаддас бар по бубинед, — ҳар кӣ хонад, дарк кунад, —
16Он гоҳ онҳое ки дар Яхудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд;
17Ва ҳар кӣ бар бом бошад, барои гирифтани чизе аз хонаи худ, поён нафурояд;
18Ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад.
19Лекин вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём!
20Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон ва ё рӯзи шанбе рӯй надиҳад;
21Зеро дар он замон чунон мусибати бузурге хоҳад шуд, ки аз ибтидои олам то ҳол нашудааст, ва бори дигар нахоҳад шуд.
22Ва агар он айём кӯтоҳ намешуд, ҳеҷ касе наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагон он айём кӯтоҳ хоҳад шуд.
23Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: „Инак Масеҳ дар ин ҷост“ ё „дар он ҷост“, бовар накунед;
24Зеро ки масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломот ва мӯъҷизоти бузурге нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд.
25Инак, Ман пешакӣ ба шумо гуфтам.
26Пас, агар ба шумо гӯянд: „Инак, дар биёбон аст“, — берун наравед; „инак дар ҳуҷра аст“, — бовар накунед;
Бо ҷалол омадани Исои Худованд.
27Зеро, чӣ тавре ки барқ дар шарқ зоҳир шуда, дар ғарб ҳам намудор мегардад, омадани Писари Одам низ чунин хоҳад шуд;
28Ҳар ҷо, ки лошае бошад, каргасон дар он ҷо ҷамъ шаванд.
29Ва фавран, пас аз мусибати он айём, офтоб хира шавад, ва моҳ рӯшноии худро надиҳад, ва ситорагон аз осмон фурӯ резанд, ва қувваҳои афлок мутазалзил шаванд;
30Он гоҳ аломати Писари Одам дар осмон намудор хоҳад гардид; ва он гоҳ ҳамаи қабилаҳои рӯи замин навҳа кунанд ва Писари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд;
31Ва фариштагони Худро бо карнаи баландовоз хоҳад фиристод, ва баргузидагони Ӯро аз чор ҷониб, аз як канори осмон то канори дигараш фароҳам хоҳад овард.
Масал дар бораи дарахти анҷир.
32Акнун аз дараҳти анҷир мисол гиред: чун шохааш нарм шуда, барг оварад, медонед, ки тобистон наздик аст;
33Ҳамчунин шумо чун ҳамаи ин чизҳоро дидед, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст.
34Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад шуд.
35Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.
36Аммо он рӯз ва соатро, ғайр аз Падари Ман, ҳеҷ кас, ҳатто фариштагони осмон ҳам намедонанд;
37Чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ шуда буд, дар омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд:
38Зеро, чӣ тавре ки дар айёми пеш аз тӯфон, то он рӯзе ки Нӯх ба киштӣ даромад, мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мерафтанд,
39Ва чизе намефаҳмиданд, то даме ки тӯфон омада, ҳамаро несту нобуд кард, — омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд;
40Он вақт аз ду нафаре ки дар киштзор ҳастанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;
41Ва аз ду зане ки бо дастос машғуланд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд.
Дуруст интизор шудан ба омадани дуюм.
42Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Худованди шумо дар кадом соат меояд.
43Лекин ҳаминро шумо медонед, ки агар соҳиби хона медонист, ки дар кадом поси шаб дузд меояд, бедор монда, намегузошт, ки ба хонааш нақб занад.
44Бинобар ин шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд.
45Пас он ғуломи мӯътамад ва доно кист, ки оғояш вайро бар хизматгорони худ таъин карда бошад, то ки ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад?
46Хушо он ғуломе ки оғояш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад;
47Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъин хоҳад кард.
48Лекин агар он ғулом бадкирдор бошад ва дар дили худ гӯяд, ки „оғои ман ба зудӣ намеояд“,
49Ва ба задани ғуломони дигар шурӯъ кунад ва бо бадмастон ба хӯрдан ва нӯшидан машғул шавад, —
50Оғои он ғулом дар рӯзе ки вай мунтазир нест, ва дар соате ки гумон надорад, хоҳад омад,
51Ва ӯро ду пора карда, қисматашро бо риёкорон баробар хоҳад кард: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд.

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in