Инҷили Матто 22
22
БОБИ БИСТУ ДУЮМ
Масал дар бораи тӯи арӯсӣ дар хонаи подшоҳ.
1Ва Исо суханашро бо масалҳо давом дода, ба онҳо гуфт:
2«Малакути Осмон монанди подшоҳест, ки барои писари худ тӯи арӯсӣ барпо кард,
3Ва ғуломони худро фиристод, то ки даъватшудагонро ба тӯи арӯсӣ бихонанд; лекин онҳо нахостанд биёянд.
4Боз ғуломони дигарро фиристод ва гуфт: „Ба даъватшудагон бигӯед, ки «инак, дастархони худро оростаам, говҳо ва бӯрдоқиҳои ман сар бурида шудаанд, ва ҳама чиз тайёр аст; ба тӯи арӯсӣ биёед»“.
5Лекин онҳо беэътиноӣ карда, яке ба киштзори худ ва дигаре ба тиҷоратхонаи худ рафтанд;
6Ва баъзеи дигарон ғуломони ӯро гирифта, ҳақорат доданд ва куштанд.
7Подшоҳ, чун шунид, хашмгин шуд ва аскарони худро фиристода, он қотилонро маҳв намуд ва шаҳрашонро оташ дода сӯзонд.
8Он гоҳ ба ғуломони худ гуфт: „Тӯй тайёр аст, лекин даъватшудагон сазовори он набуданд;
9Пас, ба сари гузар бароед ва ҳар киро биёбед, ба тӯи арӯсӣ даъват кунед“.
10Ва ғуломон ба сари роҳ баромада, ҳар киро ёфтанд, хоҳ нек буд хоҳ бад, ҷамъ карданд; ва тӯйхона аз меҳмонон пур шуд.
11Подшоҳ барои дидани аҳли маҷлис даромада, шахсеро дид, ки ҷомаи тӯёна дар бар надорад,
12Ва ба вай гуфт: „Эй рафиқ, чӣ тавр ба ин ҷо даромадӣ, дар ҳолате ки ҷомаи тӯёна дар бар надорӣ?“ Лекин вай хомӯш монд.
13Подшоҳ ба ходимони худ гуфт: „Дасту пои вайро баста, ба зулмоти берун бароварда партоед: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд“.
14Зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон — кам».
Ҷавоби Исо ба ҳиродиён.
15Он вақт фарисиён рафта, машварат карданд, ки чӣ тавр Ӯро аз суханаш афтонанд.
16Ва шогирдони худро бо ҳиродиён назди Ӯ фиристода, гуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳастӣ ва роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунӣ;
17Пас ба мо бигӯ, ки фикри Ту чист? Оё ба қайсар ҷизья додан ҷоиз аст, ё не?»
18Аммо Исо макри онҳоро дарьёфта, гуфт: «Эй риёкорон, чаро Маро меозмоед?
19Сиккаи ҷизьяро ба Ман нишон диҳед». Онҳо ба Ӯ диноре оварданд.
20Ба онҳо гуфт: «Ин сурат ва рақам аз они кист?»
21Ба Ӯ гуфтанд: «Аз они қайсар». Ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост — ба Худо».
22Чун инро шуниданд, дар ҳайрат монданд ва Ӯро гузошта, рафтанд.
Дар бораи эҳьёи мурдагон.
23Ҳамон рӯз саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд:
24«Эй Устод! Мусо гуфтааст: „Агар касе бимирад ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад“.
25Назди мо ҳафт бародар буданд: яке зан гирифта, мурд ва чун фарзанд надошт, занашро ба бародари худ гузошт;
26Ҳамчунин дуюм ва сеюм, то ҳафтум;
27Баъд аз ҳама зан низ мурд.
28Пас, дар эҳьёи мурдагон вай зани кадоме аз он ҳафт нафар хоҳад буд? Зеро ки ҳама вайро ба занӣ гирифта буданд».
29Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шумо гумроҳ ҳастед, аз он рӯ ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро;
30Зеро ки дар эҳьёи мурдагон на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштагони Худо дар осмон мебошанд.
31Аммо дар бораи эҳьёи мурдагон оё каломеро, ки Худо ба шумо гуфтааст, нахондаед:
32„Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб“? Худо на Худои мурдагон аст, балки Худои зиндагон».
33Ва мардум шунида, аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд.
Ҳукми муҳимтарин.
34Аммо чун фарисиён шуниданд, ки Ӯ даҳони саддуқиёнро бастааст, бо ҳам чамъ омаданд.
35Ва яке аз онҳо, ки шариатдон буд, Ӯро озмуданӣ шуда, чунин савол дод:
36«Эй Устод! Кадом ҳукм дар шариат бузургтар аст?»
37Исо ба вай гуфт: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор.
38Ҳамин аст ҳукми аввалин ва бузургтарин;
39Ва дуюмаш монанди он аст: Ёри худро мисли худ дӯст бидор.
40Ба ин ду ҳукм тамоми Таврот ва суҳафи анбиё асос ёфтааст».
Исо — писар ва Худованди Довуд.
41Ҳангоме ки фарисиён бо ҳам ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо савол дода,
42Гуфт: «Дар бораи Масеҳ чӣ фикр доред? Ӯ писари кист?» Ба Ӯ гуфтанд: «Писари Довуд».
43Ба онҳо гуфт: «Пас чӣ тавр Довуд, аз рӯи илҳом, Ӯро Худованд хонда, чунин мегӯяд:
44„Худованд ба Худованди ман гуфт:
«Ба ямини Ман бинишин,
то душманони Туро зери пои Ту андозам»“?
45Модоме ки Довуд Ӯро Худованд мехонад, чӣ сон Ӯ писари вай будааст?»
46Ва ҳеҷ кас дар ҷавоби Ӯ сухане гуфта натавонист; ва пас аз он рӯз касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад.
Currently Selected:
Инҷили Матто 22: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.