Инҷили Матто 18
18
БОБИ ҲАЖДАҲУМ
Исо иззатталабии шогирдонро мазаммат мекунад.
1Дар он соат шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Дар Малакути Осмон кист бузургтар?»
2Исо кӯдакеро ҷеғ зада, дар миёни онҳо ба по гузошт,
3Ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар руҷӯъ накунед ва монанди кӯдакон нашавед, ба Малакути Осмон нахоҳед даромад.
4Пас, ҳар кӣ худро мисли ин кӯдак фурӯтан созад, дар Малакути Осмон вай бузургтар аст;
5Ва ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба исми Ман қабул кунад, вай Маро қабул мекунад;
6Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе бар гарданаш овехта, вайро дар қаъри баҳр ғарқ кунанд.
Мубориза ба муқобили васвасаҳо.
7Вой бар ҳоли ҷаҳон ба сабаби васвасаҳо, зеро ки вуқӯи васвасаҳо ногузир аст; лекин вой бар ҳоли касе ки сабаби васвасаҳо гардад.
8Пас, агар дастат ё поят туро ба васваса андозад, онро бурида, аз худ дур андоз: барои ту беҳтар аст, ки ланг ва ё шал шуда, ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ва ё бо ду по дар оташи ҷовидонӣ андохта шавӣ;
9Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур андоз: барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду чашм дар оташи дӯзах андохта шавӣ.
Гӯсфанди гумшуда. Худованд ҷустуҷӯ менамояд.
10Зинҳор, ҳеҷ яке аз ин тифлонро хор нашуморед; зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои онҳо дар осмон ҳамеша рӯи Падари Маро, ки дар осмон аст, мебинанд.
11Зеро ки Писари Одам омадааст, то ки гумшударо наҷот диҳад.
12Фикри шумо чист? Агар касе сад гӯсфанд дошта бошад, ва яке аз онҳо гум шавад, оё вай наваду нӯҳро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯи он як гумшуда намеравад?
13Ва агар иттифоқан онро ёбад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, барои он бештар шодӣ мекунад аз он наваду нӯҳ, ки гум нашудаанд.
14Ба ҳамин тариқ, иродаи Падари шумо, ки дар осмон аст, ин нест, ки яке аз ин тифлон нобуд шавад.
Тартиб дар калисои оянда.
Дуои умумӣ.
15Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, рафта байни худат ва ӯ ба танҳоӣ гуноҳашро фаҳмон: агар ба сухани ту гӯш диҳад, бародари худро дарьёфтӣ;
16Ва агар гӯш надиҳад, як ё ду каси дигарро ҳамроҳи худ бигир, то ки аз забони ду ё се шоҳид ҳар сухан тасдиқ шавад.
17Ва агар ба онҳо гӯш надиҳад, ба калисо бигӯ; ва агар ба калисо низ гӯш надиҳад, бигзор ӯ барои ту чун халқҳо ва ё чун боҷгир бошад.
18Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо бар замин бандед, дар осмон баста хоҳад шуд; ва он чи бар замин кушоед, дар осмон кушода хоҳад шуд.
19Ҳамчунин ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар ду нафар аз шумо бар замин дар бораи талабидани ҳар чиз муттафиқ шаванд, аз тарафи Падари Ман, ки дар осмон аст, ба онҳо бахшида хоҳад шуд.
20Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба исми Ман ҷамъ шаванд, Ман дар миёни онҳо ҳастам».
Муҳаббат афв менамояд.
Масал дар бораи оғои раҳмдил ва хизматгори бераҳм.
21Он гоҳ Петрус назди Ӯ омада, гуфт: «Худовандо! Чанд бор ба бародари худ, ки нисбат ба ман гуноҳ карда бошад, афв намоям? Оё то ҳафт бор?»
22Исо ба вай гуфт: «Ба ту намегӯям: „То ҳафт бор“, балки то ҳафтод карат ҳафт бор.
23Аз ин рӯ Малакути Осмон монанди подшоҳест, ки мехост бо ғуломони худ ҳисобӣ кунад.
24Вақте ки ба ҳисобӣ кардан шурӯъ намуд, якеро назди вай оварданд, ки даҳ ҳазор талант#18:24 Талант — воҳиди калони пули нуқра ё тилло дар Ашшур ва Юнони Қадим, ки тақрибан 21 килограмм вазн дошт. аз вай қарз дошт.
25Чун чизе барои адои қарз надошт, оғояш амр фармуд, ки худаш, занаш, фарзандонаш ва ҳамаи дороияшро фурӯхта, қарзашро адо кунанд.
26Ғулом рӯй ба замин ниҳода, ба вай саҷда бурд ва гуфт: „Эй оғо! Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард“.
27Ва оғои он ғулом, раҳмаш омада, вайро ҷавоб дод ва қарзашро ба вай бахшид.
28Лекин чун ғулом берун рафт, яке аз рафиқони худро ёфт, ки аз ӯ сад динор қарздор буд; вайро сахт дошта ва гулӯяшро фишурда, гуфт: „Он қарзатро ба ман адо кун“.
29Он рафиқаш ба пойҳои ӯ афтода ва илтимос намуда, гуфт: „Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард“.
30Аммо ӯ розӣ нашуд, балки рафта, вайро дар зиндон андохт, то ки қарзашро адо кунад.
31Чун рафиқонаш ин воқеаро диданд, бисьёр ғамгин шуданд ва назди оғои худ омада, ҳар он чи рӯй дода буд, ба вай нақл карданд.
32Он гоҳ оғояш ӯро назди худ даъват намуда, гуфт: „Эй ғуломи шарир! Тамоми қарзатро ман ба ту бахшидам, зеро ки ту аз ман илтимос кардӣ;
33Оё туро низ лозим набуд, ки ба рафиқи худ раҳм кунӣ, чунон ки ман ба ту раҳм кардам?“
34Ва оғояш ба хашм омада, ӯро ба шиканҷакунандагон супурд, то тамоми қарзашро адо кунад.
35Ҳамин тавр Падари Ман, ки дар осмон аст, бо шумо низ амал хоҳад кард, агар ҳар яке аз шумо гуноҳҳои бародари худро аз самими қалб афв накунад».
Currently Selected:
Инҷили Матто 18: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.