1
Инҷили Матто 18:20
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба исми Ман ҷамъ шаванд, Ман дар миёни онҳо ҳастам».
Compare
Explore Инҷили Матто 18:20
2
Инҷили Матто 18:19
Ҳамчунин ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар ду нафар аз шумо бар замин дар бораи талабидани ҳар чиз муттафиқ шаванд, аз тарафи Падари Ман, ки дар осмон аст, ба онҳо бахшида хоҳад шуд.
Explore Инҷили Матто 18:19
3
Инҷили Матто 18:2-3
Исо кӯдакеро ҷеғ зада, дар миёни онҳо ба по гузошт, Ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар руҷӯъ накунед ва монанди кӯдакон нашавед, ба Малакути Осмон нахоҳед даромад.
Explore Инҷили Матто 18:2-3
4
Инҷили Матто 18:4
Пас, ҳар кӣ худро мисли ин кӯдак фурӯтан созад, дар Малакути Осмон вай бузургтар аст
Explore Инҷили Матто 18:4
5
Инҷили Матто 18:5
Ва ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба исми Ман қабул кунад, вай Маро қабул мекунад
Explore Инҷили Матто 18:5
6
Инҷили Матто 18:18
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо бар замин бандед, дар осмон баста хоҳад шуд; ва он чи бар замин кушоед, дар осмон кушода хоҳад шуд.
Explore Инҷили Матто 18:18
7
Инҷили Матто 18:35
Ҳамин тавр Падари Ман, ки дар осмон аст, бо шумо низ амал хоҳад кард, агар ҳар яке аз шумо гуноҳҳои бародари худро аз самими қалб афв накунад».
Explore Инҷили Матто 18:35
8
Инҷили Матто 18:6
Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе бар гарданаш овехта, вайро дар қаъри баҳр ғарқ кунанд.
Explore Инҷили Матто 18:6
9
Инҷили Матто 18:12
Фикри шумо чист? Агар касе сад гӯсфанд дошта бошад, ва яке аз онҳо гум шавад, оё вай наваду нӯҳро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯи он як гумшуда намеравад?
Explore Инҷили Матто 18:12