Инҷили Матто 17
17
БОБИ ҲАФДАҲУМ
1Баъд аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъқуб ва бародари вай Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард,
2Ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд: чеҳрааш чун офтоб дурахшид, ва либосаш чун нур сафед гардид.
3Ва инак, Мусо ва Ильёс ба онҳо намоён шуданд, ки бо Ӯ гуфтугӯ мекарданд.
4Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Худовандо! Дар ин ҷо будани мо некӯст; агар хоҳӣ, дар ин ҷо се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс».
5Ханӯз вай сухан мегуфт, ва инак абри дурахшандае бар онҳо соя андохт; ва инак овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст; Ӯро бишнавед».
6Чун шогирдон инро шуниданд, рӯй ба замин афтоданд ва бисьёр тарсиданд.
7Лекин Исо наздик омада, ба онҳо даст расонд ва гуфт: «Бархезед ва ҳаросон нашавед».
8Ва онҳо чашмони худро кушода, ҷуз Исо касеро надиданд.
9Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуда, гуфт: «То Писари Одам аз мурдагон эҳьё нашавад, ин рӯъёро ба касе нагӯед».
10Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Чаро китобдонон мегӯянд, ки Ильёс бояд аввал биёяд?»
11Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Дуруст аст, ки Ильёс бояд аввал биёяд ва ҳама чизро соз кунад;
12Лекин ба шумо мегӯям, ки Ильёс аллакай омад, ва онҳо вайро нашиноҳтанд, ва бо вай он чи ҳостанд, карданд; Писари Одам низ аз дасти онҳо уқубат ҳоҳад кашид».
13Он гоҳ шогирдон фаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи Яҳьёи Таъмиддиҳанда ба онҳо суҳан мегуфт.
Шифо ёфтани девона.
14Чун онҳо назди мардум омаданд, марде пеш омада, назди Ӯ зону зад,
15Ва гуфт: «Худовандо! Ба писари ман марҳамат кун; вай масрӯъ аст ва саҳт азият мекашад, зеро ки худро дам ба дам дар оташ меандозад ва дам ба дам дар об;
16Вайро ба шогирдони Ту овардам, онҳо шифо дода натавонистанд».
17Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимон ва каҷрафтор! То кай бо шумо бошам? То ба кай шуморо тоқат кунам? Вайро ин ҷо назди Ман биёред».
18Ва Исо ба вай амр фармуд; ва дев аз вай берун рафт; ва он писар дарҳол шифо ёфт.
19Шогирдонаш назди Исо омада, ба танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?»
20Исо ба онҳо гуфт: «Ба сабаби беимонии шумо; зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ба андозаи донаи хардале имон дошта бошед ва ба ин кӯҳ бигӯед: „Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун“, он кӯч хоҳад кард; ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нахоҳад буд;
21Лекин ин ҷинс фақат ба воситаи дуо ва рӯза берун меравад».
Исо аз нав дар бораи мамот ва эҳьёи Худ эълон мекунад.
22Вақте ки онҳо дар Ҷалил мегаштанд, Исо ба онҳо гуфт: «Писари Одам ба дасти одамон таслим карда ҳоҳад шуд,
23Ва Ӯро хоҳанд кушт, ва дар рӯзи сеюм эҳьё ҳоҳад шуд». Ва онҳо бисьёр ғамгин шуданд.
Хироҷ барои маъбад.
24Чун онҳо ба Кафарнаҳум расиданд, ҷамъкунандагони дудирҳам#17:24 Дудирҳам — дирҳами дучандон; дирҳам — пули сикка дар Юнони Қадим. Ин дудирҳам боҷи маъбад буд, ки ҳар сол аз ҳар яҳудӣ мегирифтанд. назди Петрус омада, гуфтанд: «Оё Устоди шумо дудирҳамро намедиҳад?»
25Гуфт: «Оре». Ва чун ба хона даромад, пеш аз он ки чизе бигӯяд, Исо ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн, фикри ту чист? Подшоҳони ҷаҳон боҷ ва хироҷро аз киҳо мегиранд? Аз фарзандони худ ё аз бегонагон?»
26Петрус ба Ӯ гуфт: «Аз бегонагон». Исо ба вай гуфт: «Пас фарзандон озоданд;
27Лекин барои он ки онҳоро ба васваса наандозем, ба соҳили баҳр рафта, қалмоқе биандоз, ва аввалин моҳиро, ки банд шуд, бигир; ва даҳонашро кушода, истатир#17:27 Истатир — пули сиккаи румӣ, ки ба 4 динори румӣ ё ба 4 дирҳами юнонӣ баробар буд. хоҳӣ ёфт; онро гирифта, барои Ман ва барои худат ба онҳо бидеҳ».
Currently Selected:
Инҷили Матто 17: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.