Инҷили Матто 19
19
БОБИ НУЗДАҲУМ
1Вақте ки Исо ин суханонро ба анҷом расонд, аз Ҷалил баромада, ба он сӯи Урдун, ба ҳудуди Яҳудо омад.
2Мардуми бисьёре аз ақиби Ӯ омаданд, ва Ӯ онҳоро шифо дод.
Исо дар бораи талоқ.
3Ва фарисиён наздик омада ва Ӯро озмуданӣ шуда, гуфтанд: «Оё ҷоиз аст, ки мард зани худро бо ҳар сабаб талоқ диҳад?»
4Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё нахондаед, ки Офаридагор дар ибтидо онҳоро марду зан офарид?
5Ва гуфт: „Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад, ва ҳар ду як тан мешаванд“,
6Ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд. Пас, он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад».
7Ба Ӯ гуфтанд: «Пас чаро Мусо амр фармудааст, ки мард талоқномае дода, аз зан ҷудо шавад?»
8Ба онҳо гуфт: «Ба сабаби дилсахтии шумо Мусо ба шумо иҷозат додааст, ки занони худро талоқ диҳед; лекин дар ибтидо чунин набуд;
9Аммо Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ зани худро, ба ҷуз сабаби зино, талоқ диҳад ва дигареро никоҳ кунад, зино карда бошад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино карда бошад».
10Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Агар аҳволи мард бо занаш чунин бошад, зан нагирифтан беҳтар аст».
11Ба онҳо гуфт: «На ҳама метавонанд ин каломро қабул кунанд, балки танҳо касоне ки ба онҳо ато шудааст;
12Зеро ахтаҳое ҳастанд, ки аз шиками модар чунин таваллуд шудаанд; ва ахтаҳое ҳастанд, ки аз дасти одамон ахта шудаанд; ва ахтаҳое ҳастанд, ки ба хотири Малакути Осмон худро ахта кардаанд. Ҳар кӣ қабул карда метавонад, қабул кунад».
Исо кӯдаконро мепазирад ва дуо мекунад.
13Дар ин вақт кӯдаконро назди Ӯ оварданд, то ки дастҳои Худро бар онҳо ниҳода, дуо кунад; лекин шогирдон ба онҳо монеъ шуданд.
14Исо гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Осмон ба чунин касон тааллуқ дорад».
15Ва дастҳои Худро бар онҳо ниҳода, аз он ҷо равона шуд.
Исо ва ҷавони сарватдор.
16Ва инак, яке назди Ӯ омада, гуфт: «Эй Устоди Некӯ! Чӣ кори нек кунам, то ки ҳаёти ҷовидонӣ ёбам?»
17Ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Хеҷ кас некӯ нест, чуз Худои ягона. Лекин агар мехоҳӣ дохили ҳаёт шавӣ, аҳкомро нигоҳ дор».
18Ба Ӯ гуфт: «Кадом аҳкомро?» Исо гуфт: «Қатл накун; зино накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ;
19Падару модаратро иззат намо; ва ёри худро мисли худ дӯст бидор».
20Ҷавон ба Ӯ гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам; дигар чӣ камбудӣ дорам?»
21Исо ба вай гуфт: «Агар хоҳӣ комил шавӣ, рафта, ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ; ва дар осмон ганҷе хоҳӣ ёфт; ва омада, Маро пайравӣ кун».
22Чун ҷавон ин суханро шунид, ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисьёр дошт.
23Ва Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба Малакути Осмон даромадани сарватдор душвор аст;
24Ва боз ба шумо мегӯям: аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад».
25Чун шогирдон инро шуниданд, бағоят дар ҳайрат шуда, гуфтанд: «Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?»
26Исо ба онҳо нигоҳ карда, гуфт: «Ба одамизод ин ғайриимкон аст, лекин ба Худо ҳама чиз имконпазир аст».
Мукофоти ҳаввориён.
27Он гоҳ Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем; подоши мо чӣ хоҳад буд?»
28Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, шумо, ки Маро пайравӣ намудаед, дар умри дубора, вақте ки Писари Одам бар тахти ҷалоли Худ биншинад, шумо низ бар дувоздаҳ тахт нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард;
29Ва ҳар кӣ аз баҳри исми Ман хонаҳо, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро тарк кунад, сад чандон хоҳад ёфт ва вориси ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад шуд;
30Лекин басо аввалин, ки охирин хоҳанд шуд, ва охирин — аввалин.
Currently Selected:
Инҷили Матто 19: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.