YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 9

9
БОБИ НӮҲУМ
Умеди ягонаи Исроил ба Кӯдак.
1Зеро вай, ки ба танг меоварад, хастагӣ надорад; дар замони аввал таъсираш сабук буд: фақат замини Забулун ва замини Нафтолиро забт намуд; вале дар замони охир таъсираш бар роҳи дарьё, он тарафи Урдун, Ҷалили халқҳо, вазнин шудааст.
2Қавме ки дар торикӣ мегаштанд,
нури азиме диданд; бар онҳое ки дар кишвари
сояи марг менишастанд,
нуре дурахшид.
3Ту халқро афзун гардондӣ,
шодмонии онҳоро зиёд кардӣ:
ба ҳузури Ту шодӣ карданд,
мисли шодмонии мавсими дарав,
мисли касоне ки дар вақти тақсим кардани ғанимат ба ваҷд меоянд,
4Зеро ки Ту юғи вазнини онҳоро, ва ғӯлачӯберо,
ки бар дӯши онҳо буд,
яъне калтаки ситамгари онҳоро шикастӣ,
чунон ки дар рӯзи Мидьён воқеъ шуда буд.
5Зеро ки тамоми пойафзоли пурсадои сарбозон
ва тамоми либоси оғуштаи хун сӯхта,
тӯъмаи оташ хоҳад шуд.
6Зеро ки кӯдаке барои мо таваллуд ёфт,
Писаре ба мо дода шуд,
ва салтанат бар дӯши Ӯ хоҳад буд,
ва номи Ӯ Аҷиб, Мушовир, Худои Ҷаббор,
Падари ҷовид, Мири осоиштагӣ хонда хоҳад шуд.
7Афзоиши салтанат ва осоиштагии Ӯ
бар тахти Довуд ва бар мамлакати вай
интиҳо нахоҳад дошт,
то ки онро бо инсоф ва адолат,
минбаъд ва то абадулобод барқарор
ва мустаҳкам намояд;
рашки Худованди лашкарҳо инро ба амал
хоҳад овард.
Дасти дарози Худованд; ҷазои ногузири Худо.
8Худованд каломе ба Яъқуб фиристод,
ва он бар Исроил нузул кард.
9Ва тамоми қавм хоҳанд донист,
яъне Эфроим ва сокинони Сомария,
ки бо ғурур ва такаббури дил мегӯянд:
10«Хиштҳо афтодааст,
вале мо бо сангҳои тарошида бино хоҳем кард;
дарахтони тутанҷир бурида шудааст,
вале мо арзҳоро ба ҷои онҳо ба кор хоҳем бурд».
11Ва Худованд хасми ӯ — Расинро бар зидди ӯ
мустаҳкам хоҳад кард,
ва душманони ӯро хоҳад барангехт:
12Арамиёнро аз шарқ, ва фалиштиёнро аз ғарб;
ва онҳо Исроилро бо иштиҳои тамом хоҳанд хӯрд;
бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст,
ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
13Вале ин қавм сӯи Занандаи худ барнагаштаанд,
ва аз Худованди лашкарҳо дархост накардаанд.
14Бинобар ин Худованд сар ва думро,
нахл ва найро аз Исроил дар як рӯз хоҳад бурид:
15Муршид ва шариф сар аст;
вале набие ки муаллими дурӯғҳост, дум мебошад.
16Ва пешвоёни ин қавм онҳоро дар иштибоҳ
хоҳанд андохт,
ва муридонашон дарҳам‐барҳам хоҳанд шуд.
17Бинобар ин Худованд аз ҷавонони онҳо шод
нахоҳад шуд,
ва бар ятимон ва бевазанони онҳо раҳм
нахоҳад кард,
зеро ки ҳамаашон риёкор ва бадкирдор мебошанд,
ва ҳар даҳоне бо ҳақорат сухан меронад;
бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст,
ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
18Зеро ки шарорат мисли оташ даргирифтааст,
явшон ва хори шутурро мехӯрад,
ва дар шохаҳои печ дар печи ҷангал месӯзад,
ва сутунҳои баланди дуд печида мебарояд.
19Аз ғазаби Худованди лашкарҳо замин сӯхта
сиёҳ шудааст,
ва қавм гӯё ки тӯъмаи оташ гардидаанд:
касе ба бародари худ раҳм намекунад.
20Аз тарафи рост бурида мегиранд, ва гурусна мемонанд,
ва аз тарафи чап мехӯранд, ва сер намешаванд;
ҳар кас гӯшти бозуи худро мехӯрад.
21Менашше ба Эфроим, ва Эфроим ба Менашше,
ва ҳар ду якҷоя ба Яҳудо ҳамла мекунанд;
бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст,
ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.

Currently Selected:

Ишаъё 9: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in