YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 10

10
БОБИ ДАҲУМ
Вой бар доварони ноинсоф.
1Эй вой бар қонунгузороне ки ҷафоро
ба ҳукми қонун медароранд;
ва эй вой бар котибоне ки аҳкоми ноинсофона
менависанд,
2Барои он ки мискинонро аз доварӣ маҳрум созанд,
ва ҳуқуқи мазлумони қавми Маро бирабоянд,
то ки бевазанонро ғанимати худ гардонанд,
ва ятимонро толону тороҷ кунанд!
3Пас шумо дар рӯзи доварӣ,
ва дар таҳлукае ки аз дурдаст меояд, чӣ хоҳед кард?
Аз кӣ барои мадад паноҳ хоҳед ҷуст?
Ва сарвати худро дар куҷо пинҳон хоҳед кард?
4Магар ин ки дар миёни бандиён сари таслим
фурӯд оваранд
ва дар миёни мақтулон фурӯ ғалтанд;
бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст,
ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
Пешгӯии доварӣ бар Ашшур. Чӯбдасти Худо бар Сомария.
5Ҳой, Ашшур, ки чӯбдасти ғазаби Ман аст,
ва қаҳри Ман асоест дар дасти вай!
6Ман варо ба муқобили халқи риёкор хоҳам фиристод,
ва бар зидди қавми хашмовари Ман
амр хоҳам фармуд,
ки ғанимат бигирад ва ба яғмо бибарад,
ва онҳоро мисли лои кӯчаҳо поймол кунад.
7Валекин вай ин гуна фикр намекунад,
ва андешаи дили вай чунин нест,
балки дар дили худ ҳавас дорад,
ки халқҳои бисьёрро торумор ва маҳв созад;
8Зеро ки мегӯяд: «Мирони ман, охир,
саросар подшоҳонанд!
9Калну, охир, мисли Каркамиш таслим шудааст!
Оё Ҳамот мисли Арфод нест?
Оё Сомария мисли Димишқ нест?
10Чунон ки дасти ман бар мамлакатҳои бутпараст
зафар ёфтааст,
ва ҳол он ки санамҳошон аз санамҳои Ерусалим
ва Сомария зиёдтар буд,
11Чунон ки, охир, бо Сомария ва бутҳояш амал
кардаам,
ончунон бо Ерусалим ва ҳайкалҳояш амал
хоҳам кард».
12Ва воқеъ хоҳад шуд, баъд аз он ки Худованд тамоми амали Худро бар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим анҷом диҳад, Ӯ хоҳад гуфт: «Ман лофу газофи дили пурғурури подшоҳи Ашшур ва нигоҳи ҳавобаландонаи чашмони варо ба ҷазо гирифтор хоҳам кард».
13Зеро ки вай мегӯяд:
«Бо қуввати дасти худ ва бо ҳикмати худ
ин корро кардам,
чунки хирадманд ҳастам;
ва ҳудуди қавмонро аз миён бардоштам,
ва хазоини онҳоро толону тороҷ намудам,
ва мисли баҳодуре бар тахт нишастагонро
вожгун сохтам;
14Ва дасти ман сарвати қавмонро мисли лонае
гирифтааст,
ва мисли он ки тухмҳои дар лона бударо чида
мегиранд, ман тамоми заминро чида гирифтам,
ва ҷонваре набуд, ки бол ҷунбонад, ва даҳон
кушояд, ва чириқ‐чириқ кунад».
15Оё табар бар касе ки бо он мешиканад, ғурур хоҳад кард?
Оё арра бар касе ки онро мекашад, фахр
хоҳад намуд?
Гӯё ки чӯбдаст баландкунандаи худро
ба ҳаракат меоварда бошад!
Гӯё ки асо он чиро, ки чӯб нест, баланд
мекарда бошад!
16Бинобар ин Худованд, Худованди лашкарҳо,
ба фарбеҳони вай лоғарӣ хоҳад фиристод,
ва дар ивази ҷалоли вай сӯхторе мисли
сӯхтани оташ барафрӯхта хоҳад шуд.
17Ва Нури Исроил оташ, ва Қуддуси он аланга
хоҳад шуд.
ва явшону хори шутури варо дар як рӯз
сӯзонида, хоҳад хӯрд;
18Ва ҷалоли ҷангали варо, ва боғистони варо,
аз ҷон то ҷисм, маҳв хоҳад кард;
ва он мисли ранҷуре обу адо хоҳад шуд.
19Ва бақияи дарахтони ҷангали вай он қадар
камшумор хоҳад буд,
ки кӯдаке онҳоро ба рӯйхат тавонад гирифт.
Рӯъёи бақияи Исроил, ки аз андӯҳи бузурге наҷот ёфтааст.
20Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки бақияи Исроил ва растагорони хонадони Яъқуб дигар ба занандаи худ эътимод нахоҳанд кард, балки ба Худованд, ки Қуддуси Исроил аст, аз сидқи дил таваккал хоҳанд намуд.
21Бақия хоҳад баргашт: бақияи Яъқуб — сӯи Худои Ҷаббор.
22Зеро, ҳарчанд қавми ту, эй Исроил,
мисли реги дарьё бошанд ҳам,
фақат бақияе аз онҳо хоҳад баргашт:
ҳалокате ки муқаррар гардидааст,
аз рӯи адолат ба амал хоҳад омад.
23Зеро ки Худованд, Худованди лашкарҳо, ҳалокати муқарраргардидаро бар тамоми замин ба амал хоҳад овард.
24Бинобар ин Худованд, Худованди лашкарҳо, чунин мегӯяд: «Эй қавми Ман, ки дар Сион сокин ҳастед! Аз Ашшур натарсед; вай бо чӯбдаст шуморо хоҳад зад, ва мисли Миср асои худро бар шумо хоҳад бардошт.
25Вале баъд аз замони бағоят каме ғазаби Ман фурӯ хоҳад нишаст, ва хашми Ман ба маҳв кардани онҳо нигаронида хоҳад шуд.
26Ва Худованди лашкарҳо бар вай тозиёна хоҳад бардошт, мисли зарбаи Мидьён бар кӯҳпораи Ӯреб; ва асои Ӯ бар баҳр хоҳад буд, ва онро баланд хоҳад кард, чунон ки бар Миср баланд карда буд.
27Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки бори вай аз дӯши ту, ва юғи вай аз гардани ту нест хоҳад шуд; ва юғ ба сабаби чарб зиён хоҳад дид».
Дар бораи ҳарбу зарби бузург.
28Вай ба Айёт расид;
аз Маҷрун гузашт;
захоири худро дар Михмос монд.
29Аз маъбар гузаштанд;
дар Ҷабъ манзил карданд;
аҳли Рома ба ҳарос афтоданд;
аҳли Ҷабъаи Шоул рӯй ба гурез оварданд.
30Бо овози худ фиғон бардор, эй духтари Ҷалим!
Гӯш андоз, эй Лайшо! Ҷавоб гардон, эй Анотӯт!
31Аҳли Мадмено гурехтанд,
сокинони Ҷебим сӯи паноҳгоҳ шитофтанд.
32Худи имрӯз вай дар Нӯб мавқеъ мегирад;
ба кӯҳи духтари Сион, ба теппаи Ерусалим
дасти тааддӣ дароз мекунад.
33Инак, Худованд, Худованди лашкарҳо,
бо қуввати саҳмгине шоху баргҳоро
парешон хоҳад кард,
ва баландқоматон бурида хоҳанд шуд,
ва олимақомон вожгун хоҳанд гардид.
34Ва шохаҳои печ дар печи ҷангалро бо оҳан
қатъ хоҳад кард,
ва Лубнон аз дасти неруманд фурӯ хоҳад ғалтид.

Currently Selected:

Ишаъё 10: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in