1
Ишаъё 9:6
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Зеро ки кӯдаке барои мо таваллуд ёфт, Писаре ба мо дода шуд, ва салтанат бар дӯши Ӯ хоҳад буд, ва номи Ӯ Аҷиб, Мушовир, Худои Ҷаббор, Падари ҷовид, Мири осоиштагӣ хонда хоҳад шуд.
Compare
Explore Ишаъё 9:6
2
Ишаъё 9:2
Қавме ки дар торикӣ мегаштанд, нури азиме диданд; бар онҳое ки дар кишвари сояи марг менишастанд, нуре дурахшид.
Explore Ишаъё 9:2
3
Ишаъё 9:7
Афзоиши салтанат ва осоиштагии Ӯ бар тахти Довуд ва бар мамлакати вай интиҳо нахоҳад дошт, то ки онро бо инсоф ва адолат, минбаъд ва то абадулобод барқарор ва мустаҳкам намояд; рашки Худованди лашкарҳо инро ба амал хоҳад овард.
Explore Ишаъё 9:7
4
Ишаъё 9:5
Зеро ки тамоми пойафзоли пурсадои сарбозон ва тамоми либоси оғуштаи хун сӯхта, тӯъмаи оташ хоҳад шуд.
Explore Ишаъё 9:5
5
Ишаъё 9:1
Зеро вай, ки ба танг меоварад, хастагӣ надорад; дар замони аввал таъсираш сабук буд: фақат замини Забулун ва замини Нафтолиро забт намуд; вале дар замони охир таъсираш бар роҳи дарьё, он тарафи Урдун, Ҷалили халқҳо, вазнин шудааст.
Explore Ишаъё 9:1
6
Ишаъё 9:3
Ту халқро афзун гардондӣ, шодмонии онҳоро зиёд кардӣ: ба ҳузури Ту шодӣ карданд, мисли шодмонии мавсими дарав, мисли касоне ки дар вақти тақсим кардани ғанимат ба ваҷд меоянд
Explore Ишаъё 9:3
7
Ишаъё 9:4
Зеро ки Ту юғи вазнини онҳоро, ва ғӯлачӯберо, ки бар дӯши онҳо буд, яъне калтаки ситамгари онҳоро шикастӣ, чунон ки дар рӯзи Мидьён воқеъ шуда буд.
Explore Ишаъё 9:4