YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 8

8
БОБИ ҲАШТУМ
Тасаллӣ барои имондорон.
Даъват кардан ба имоноварӣ ба Худои Ҳай.
1Ва Худованд ба ман гуфт: «Варақи калоне барои худ бигир, ва бар он бо хати маъмул бинавис: „Маҳер шолол, ҳош баз“#8:1 Ба гирифтани ғанимат мекӯшад, ба тороҷ кардан мешитобад.».
2Ва ман барои худ шоҳидони амин — Уриёи коҳин ва Закарьё ибни Баракьёро гирифтам,
3Ва ба набия наздикӣ кардам, ва ӯ ҳомила шуда, писаре зоид; ва Худованд ба ман гуфт: «Номи ӯро чунин бихон: Маҳер‐шолол‐ҳош‐баз;
4Зеро, пеш аз он ки кӯдак тавонад „Падарам“ ва „Модарам“ бигӯяд, сарвати Димишқ ва ғанимати Сомарияро пеши подшоҳи Ашшур хоҳанд бурд».
5Ва Худованд суханашро ба ман давом дода, боз гуфт:
6«Азбаски ин қавм аз обҳои Шилӯаҳ, ки оҳиста‐оҳиста ҷорӣ мешавад, нафрат карда, аз Расин ва писари Рамальёҳу ба ваҷд меоянд,
7Бинобар ин, инак Худованд обҳои наҳри пурталотум ва бузургро — подшоҳи Ашшур ва тамоми ҳашамати ӯро — бар онҳо хоҳад овард;
ва он аз ҳамаи шохобҳояш боло хоҳад баромад,
ва аз ҳамаи канорҳояш берун хоҳад рафт;
8Ва туғьёнаш ба Яхудо гузашта, онро зер хоҳад кард,
ва саршор гардида, то ба гардан хоҳад расид;
ва болҳои он тамоми арзу тӯли замини туро,
эй Имонуил, фаро хоҳад гирифт».
9Талотум хоҳед кард, эй қавмон,
вале шикаст хоҳед хӯрд!
Ва гӯш андозед, эй ҳамаи кишварҳои дурдаст:
камари худро хоҳед баст, вале шикаст хоҳед хӯрд!
Камари худро хоҳед баст, вале шикаст хоҳед хӯрд!
10Қасд хоҳед кард, вале он ботил хоҳад шуд!
Сухан хоҳед ронд, вале он ба амал нахоҳад омад,
зеро ки Худо бо мост!
11Зеро Худованд ба ман чунин гуфт, дар сурате ки дасти қавми Ӯ бар ман буд, ва ба ман талқин намуд, ки бо роҳи ин қавм наравам; ва гуфт:
12«Ҳар он чиро, ки ин қавм суиқасд ҳисоб мекунанд,
шумо суиқасд ҳисоб накунед;
ва аз он чи онҳо метарсанд, натарсед,
ва биме надошта бошед.
13Худованди лашкарҳоро, — танҳо Ӯро, —
тақдис намоед,
ва Ӯ тарси шумо бошад,
ва Ӯ бими шумо бошад.
14Ва Ӯ макони муқаддас барои шумо хоҳад буд,
ва санги пешпо ва сахраи монеа —
барои ҳар ду хонадони Исроил,
ва тузоқу қуллоб — барои сокинони Ерусалим.
15Ва бисьёре аз онҳо пешпо хоҳанд хӯрд,
ва фурӯ хоҳанд ғалтид, ва ба шикаст дучор
хоҳанд гардид,
ва дар тузоқ хоҳанд афтод, ва гирифтори куллоб
хоҳанд шуд.
16Шаҳодатро мисли лӯлае бипечон, ва шариатро дар миёни шогирдони Ман мӯҳр намо».
17Ва ман ба Худованде ки рӯи Худро аз хонадони Яъқуб пинҳон кардааст, интизорӣ кашида, умедвори Ӯ хоҳам шуд.
18Инак ман ва фарзандоне ки Худованд ба ман додааст, аз ҷониби Худованди лашкарҳо, ки дар Сион сокин аст, барои Исроил аломот ва ишорот ҳастем.
19Ва чун ба шумо гӯянд: «Аз ҷодугарон ва азоимхононе ки суфу куф ва ириму ҷирим мекунанд, дархост намоед», — бигӯед: «Ҳар қавм, охир, аз Худои худ дархост менамоянд, на ин ки ба воситаи мурдаҳо дар бораи зиндаҳо!».
20Ба шариат ва шаҳодат рӯ оваред! Ба яқин сухане мисли ин хоҳанд гуфт, ки он ҳеҷ маъное надорад.
21Ва қавм бо машаққат ва гуруснагӣ бар замин хоҳанд гашт; ва чун гурусна монанд, хашмгин шуда, подшоҳи худ ва Худои худро лаънат хоҳанд кард; ва ба боло рӯй хоҳанд овард,
22Ва бар замин хоҳанд нигарист, ва инак тангӣ ва тирагист, зулмоти нокомист, ва дар торикӣ андохта хоҳанд шуд.

Currently Selected:

Ишаъё 8: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in