Ишаъё 6
6
БОБИ ШАШУМ
Худованд ба Ишаъё дар ҷалоли Худ зоҳир мешавад.
1Дар соле ки подшоҳ Узиё вафот кард, Худовандро дидам, ки бар курсии баланд ва олӣ нишаста буд, ва домони Ӯ маъбадро пур карда буд.
2Сорофиён#6:2 Сорофиён — навъе аз малоик. дар гирди Ӯ истода буданд, ки ҳар яке аз онҳо шаш бол дошт: бо дутояш вай рӯи худро мепӯшид, ва бо дутояш пойҳои худро мепӯшид, ва бо дутояш парвоз мекард.
3Ва яке ба дигаре нидо карда, мегуфт: «Қуддус аст, қуддус аст, қуддус аст Худованди лашкарҳо! Тамоми замин аз ҷалоли Ӯ пур аст!»
4Ва паҳлудариҳо аз овози нидокунандагон ба ларза омад, ва хона аз дуд пур шуд.
5Ва ман гуфтам: «Вой бар ман, ки тамом шудам!
Зеро ки ман шахси ҳаромлаб ҳастам,
ва дар миёни қавми ҳаромлаб сукунат дорам,
— ва чашмонам Подшоҳро,
Худованди лашкарҳоро дидааст».
Натиҷаи ин рӯъё; оташи поккунанда.
6Ва яке аз сорофиён назди ман парида омад, ва дар дасташ ахгаре буд, ки бо оташгирак аз курбонгоҳ гирифта буд,
7Ва онро ба даҳонам расонда, гуфт: «Инак, ин ба лабҳоят расид, ва гуноҳат дур шуд, ва хатоят кафорат ёфт».
8Ва ман овози Худовандро шунидам, ки мегуфт: «Ман киро бифиристам? Ва кист, ки барои Мо биравад?» Ва ман гуфтам: «Инак ман ҳозирам, маро бифирист».
Супориши наве ба зиммаи Ишаъё гузошта шуд.
9Ва Ӯ гуфт: «Бирав, ва ба ин қавм бигӯй:
„Ба шунидан хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид,
ва ба дидан хоҳед дид, вале нахоҳед донист“.
10Дили ин қавм кундфаҳм,
ва гӯшҳошон вазнин,
ва чашмҳошон баста шудааст,
мабодо бо чашмони худ бубинанд,
ва бо гӯшҳои худ бишнаванд,
ва дили онҳо бифаҳмад,
ва руҷӯъ кунанд, ва шифо ёбанд».
11Ва ман гуфтам: «То ба кай, эй Худованд?»
Ва Ӯ гуфт:
«То даме ки шаҳрҳо валангор шуда,
ғайримаскун гардад,
ва хонаҳо бе одам бимонад,
ва замин ба харобазор табдил ёбад.
12Ва Худованд одамонро дур хоҳад кард,
ва дар замин харобӣ бисьёр хоҳад шуд.
13Ва агар даҳьяке дар он боз бимонад,
бори дигар он низ хонавайрон хоҳад шуд;
чунон ки аз дарахти писта ва аз дарахти булут
пас аз буридан решаи онҳо боқӣ мемонад,
ончунон насли муқаддас решаи он хоҳад буд».
Currently Selected:
Ишаъё 6: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.