1
Ишаъё 6:8
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Ва ман овози Худовандро шунидам, ки мегуфт: «Ман киро бифиристам? Ва кист, ки барои Мо биравад?» Ва ман гуфтам: «Инак ман ҳозирам, маро бифирист».
Compare
Explore Ишаъё 6:8
2
Ишаъё 6:3
Ва яке ба дигаре нидо карда, мегуфт: «Қуддус аст, қуддус аст, қуддус аст Худованди лашкарҳо! Тамоми замин аз ҷалоли Ӯ пур аст!»
Explore Ишаъё 6:3
3
Ишаъё 6:5
Ва ман гуфтам: «Вой бар ман, ки тамом шудам! Зеро ки ман шахси ҳаромлаб ҳастам, ва дар миёни қавми ҳаромлаб сукунат дорам, — ва чашмонам Подшоҳро, Худованди лашкарҳоро дидааст».
Explore Ишаъё 6:5
4
Ишаъё 6:1
Дар соле ки подшоҳ Узиё вафот кард, Худовандро дидам, ки бар курсии баланд ва олӣ нишаста буд, ва домони Ӯ маъбадро пур карда буд.
Explore Ишаъё 6:1
5
Ишаъё 6:7
Ва онро ба даҳонам расонда, гуфт: «Инак, ин ба лабҳоят расид, ва гуноҳат дур шуд, ва хатоят кафорат ёфт».
Explore Ишаъё 6:7
6
Ишаъё 6:2
Сорофиён дар гирди Ӯ истода буданд, ки ҳар яке аз онҳо шаш бол дошт: бо дутояш вай рӯи худро мепӯшид, ва бо дутояш пойҳои худро мепӯшид, ва бо дутояш парвоз мекард.
Explore Ишаъё 6:2
7
Ишаъё 6:6
Ва яке аз сорофиён назди ман парида омад, ва дар дасташ ахгаре буд, ки бо оташгирак аз курбонгоҳ гирифта буд
Explore Ишаъё 6:6
8
Ишаъё 6:9
Ва Ӯ гуфт: «Бирав, ва ба ин қавм бигӯй: „Ба шунидан хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид, ва ба дидан хоҳед дид, вале нахоҳед донист“.
Explore Ишаъё 6:9
9
Ишаъё 6:10
Дили ин қавм кундфаҳм, ва гӯшҳошон вазнин, ва чашмҳошон баста шудааст, мабодо бо чашмони худ бубинанд, ва бо гӯшҳои худ бишнаванд, ва дили онҳо бифаҳмад, ва руҷӯъ кунанд, ва шифо ёбанд».
Explore Ишаъё 6:10