Ишаъё 5
5
БОБИ ПАНҶУМ
Масал дар бораи токзор.
1Суруди Маҳбуби худро дар бораи токзори Ӯ барои Маҳбуби худ бисароям:
Маҳбуби ман токзоре бар теппаи ҳосилхез дошт.
2Ва Ӯ замини онро канда, аз сангҳо тоза кард,
ва разҳои ангури лаъл дар он шинонид,
ва бурҷе дар миёнаҷои он бино кард,
ва чархуште низ дар он канд,
ва Ӯ умед дошт, ки ангури хуб меоварад,
валекин ангури бад овард.
3Ва акнун, эй сокинони Ерусалим ва мардони Яҳудо,
дар миёни Ман ва токзори Ман доварӣ намоед.
4Барои токзори Ман боз чӣ кор кардан лозим буд,
ки Ман дар он накарда бошам?
Чун умед доштам, ки ангури хуб меоварад,
чаро ангури бад овард?
5Ва акнун Ман ба шумо эълон менамоям,
ки ба токзори Худ чӣ кор хоҳам кард:
Хорбандашро дур мекунам, ва он хароб хоҳад шуд;
деворашро вайрон мекунам, ва он поймол хоҳад шуд.
6Ва онро харобазор мегардонам:
на навдаҳояш каллак зада хоҳад шуд,
ва на заминаш канда нарм карда хоҳад шуд,
ва явшон ва хори шутур дар он хоҳад рӯид;
ва ба абрҳо амр мефармоям, ки бар он борон наборонанд.
7Зеро ки хонадони Исроил токзори Худованди лашкарҳо мебошанд,
ва мардони Яҳудо — ниҳоли дилпазири Ӯ;
ва Ӯ умеди инсоф дошт, ва инак — ноинсофӣ;
адолатро чашм дошт, ва инак — доду фарьёд.
Пешгӯӣ дар бораи шаш мусибати оянда.
8Эй вой бар онҳое ки хонаро ба хона илова менамоянд,
киштзорро ба киштзор зам мекунанд,
ба тавре ки ҷое боқӣ намемонад;
ва шумо ба танҳоӣ бар замин маскан гирифтаед.
9Худованди лашкарҳо ба гӯши ман гуфт:
«Ба яқин, хонаҳои бисьёр хароб хоҳад шуд,
хонаҳои бузург ва зебо ғайримаскун хоҳад гардид;
10Зеро ки даҳ ҷуфт#5:10 ҷуфт — андозаи киштзор буд, ки онро як ҷуфт барзагов дар як рӯз шудгор мекард. токзор як бат хоҳад дод,
ва як ҳӯмер#5:10 Ҳӯмер — 400 килограмм. тухмӣ як эфа хоҳад овард».
11Эй вой бар онҳое ки бомдодон бармаҳал бархоста,
аз паи арақ медаванд
ва то бевақтии шаб нишаста, худро бо шароб
оташ медиҳанд!
12Ва барбат ва уд, ва даф ва най ва шароб
дар базмҳои онҳост;
вале онҳо ба корҳои Худованд назар намекунанд,
ва амали дастҳои Ӯро намебинанд.
13Бинобар ин қавми ман баногоҳ ҷалои ватан гардидаанд,
ва ашрофи онҳо гирифтори гуруснагӣ мебошанд,
ва авоми онҳо аз ташнагӣ хушк шудаанд.
14Бинобар ин дӯзах ҳирси худро афзун кардааст,
ва даҳони худро бениҳоят кушодааст;
ва шавкати онҳо, ва хушнӯдии онҳо,
ва ғавғои онҳо, ва ҳар кӣ дар байнашон хушҳол аст,
дар он фурӯ хоҳад рафт.
15Ва инсон сархам, ва мард залил,
ва чашмони ҳавобаландон паст хоҳад шуд.
16Ва Худованди лашкарҳо дар доварӣ баланд
хоҳад шуд,
ва Худои Қуддус дар адолат тақдис хоҳад ёфт.
17Ва гӯсфандон, мисли он ки дар чарогоҳи худ
бошанд, хоҳанд чарид,
ва он чиро, ки дар харобаҳои сарватдорон
боқӣ монда бошад, бегонаҳо хоҳанд хӯрд.
18Эй вой бар онҳое ки гуноҳро бо арғамчини батолат,
ва хаторо мисли таноби ароба аз паи худ мекашанд,
19Ва мегӯянд: «Бигзор Ӯ шитоб намуда,
амали Худро тезонад, то онро бубинем;
ва бигзор машварати Қуддуси Исроил наздик шавад
ва биёяд, то онро бидонем»!
20Эй вой бар онҳое ки бадиро некӣ, ва некиро
бадӣ меноманд,
торикиро рӯшноӣ, ва рӯшноиро торикӣ медонанд,
талхро ширин, ва ширинро талх ҳисоб мекунанд!
21Эй вой бар онҳое ки дар назари худ хирадманд,
ва дар пеши худ доно мебошанд!
22Эй вой бар онҳое ки дар нӯшидани шароб баҳодур,
ва дар тайёр кардани машруботи дорувордор
мардони пурзӯр мебошанд,
23Ки шарирро ба хотири ришва одил медонанд,
вале одилонро аз адолаташон маҳрум мекунанд!
24Бинобар ин, чунон ки забонаи оташ хасро мехӯрад,
ва хошок дар аланга нест мешавад,
ончунон решаи онҳо пӯсида хок хоҳад шуд,
ва шукуфаи онҳо мисли ғубор барбод хоҳад рафт;
зеро ки онҳо аз шариати Худованди лашкарҳо
нафрат кардаанд,
ва каломи Қуддуси Исроилро хор дидаанд.
25Бинобар ин ғазаби Худованд бар қавми Ӯ оташ
гирифтааст,
ва Ӯ дасти Худро бар онҳо дароз карда,
онҳоро зарба задааст,
ва кӯҳҳо ба ларза омадааст, ва ҷасадҳои онҳо
дар кӯчаҳо мисли ахлот партофта шудааст;
бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст,
ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
26Ва ливое барои халқҳои дурдаст хоҳад барафрошт,
ва якеро аз ақсои замин хитоб хоҳад кард,
— ва инак, вай шитоб намуда, ба осонӣ хоҳад омад.
27Андаруни вай на лакоте хоҳад буд, на заифе;
вай на пинак хоҳад рафт, на хоб хоҳад кард;
ва камарбанди вай аз камараш воз нахоҳад шуд,
ва даволи пойафзолаш канда нахоҳад шуд.
28Тирҳои вай тез, ва ҳамаи камонҳояш зеҳ
карда шудааст;
сумҳои аспони вай мисли сахра аст, ва чархҳои вай
мисли тундбод.
29Наъраи вай мисли наъраи модашер аст;
мисли шерони ҷавон наъра мезанад, ва ғурришкунон
сайд мегирад,
ва онро мебарад, ва раҳокунандае нахоҳад буд.
30Ва дар он рӯз бар ӯ мисли хурӯши баҳр
ғурриш хоҳад кард;
ва кас агар ба замин назар андозад,
инак торикӣ ва тангист,
ва нур дар паси абрҳои сиёҳ тира шудааст.
Currently Selected:
Ишаъё 5: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.