Ишаъё 7
7
БОБИ ҲАФТУМ
Иттифоқи ҳалокатовари Расин бо Фақаҳ дар айёми подшоҳии Оҳоз.
1Ва дар айёми Оҳоз ибни Ютом ибни Узиё подшоҳи Яҳудо воқеъ шуд, ки Расин подшоҳи Арам ва Фақаҳ ибни Рамальёҳу подшоҳи Исроил бар зидди Ерусалим баромаданд, то ки бо он ҷанг кунанд, валекин натавонистанд онро забт намоянд.
2Ва ба хонадони Довуд хабар дода, гуфта шуд: «Арамиён дар хоки Эфроим ӯрду задаанд». Ва дили вай ва дили қавмаш ларзид, чунон ки дарахтони ҷангал аз бод меларзанд.
3Ва Худованд ба Ишаъё гуфт: «Ту бо писарат Шеорьёшуб ба охири ҷӯи ҳавзи боло, ба роҳи саҳрои гозурон ба истиқболи Оҳоз баро,
4Ва ба Ӯ бигӯй: худдорӣ намо ва ором бош; натарс, ва дили ту аз ин ду кундаи нимсӯзи пурдуд, яъне аз шиддати ғазаби Расин ва Арам ва писари Рамальёҳу хавотир нашавад.
5Азбаски Арам, Эфроим ва писари Рамальёҳу дар ҳаққи ту қасди бад карда, мегӯянд:
6„Бар зидди Яҳудо бароем, ва онро муҳосира карда, ба ҳарос андозем, ва рахна кушода, барои худ забт намоем, ва писари Тобъалро дар вай подшоҳ таъин кунем“, —
7Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: ин ба амал нахоҳад омад ва иҷро нахоҳад шуд!
8Зеро ки сари Арам Димишқ аст, ва сари Димишқ — Расин; ва баъд аз шасту панҷ сол Эфроим шикаст хӯрда, дигар қавм нахоҳад шуд.
9Ва сари Эфроим Сомария аст, ва сари Сомария — писари Рамальёҳу. Агар имонатон устувор набошад, шумо устувор нахоҳед монд».
Аломати бузург: Писари бокира — Имонуил.
10Ва Худованд суханашро ба Оҳоз давом дода, гуфт:
11«Барои худ аз Худованд Худои худ аломате талаб намо: онро ё аз умқи фарш талаб намо, ё аз афрози арш».
12Ва Оҳоз гуфт: «Талаб нахоҳам кард, ва Худовандро имтиҳон нахоҳам намуд».
13Ва Ишаъё гуфт: бишнавед, эй хонадони Довуд! Оё одамонро безор карданатон барои шумо кам аст, ки боз Худои маро безор мекунед?
14Бинобар ин Худованд Худаш ба шумо аломате хоҳад дод: инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳад номид.
15Ӯ қаймоқ ва асал хоҳад хӯрд, то даме ки рад кардани чизи бад ва ихтиёр кардани чизи хубро ёд гирад.
16Зеро, пеш аз он ки он кӯдак рад кардани чизи бад ва ихтиёр кардани чизи хубро ёд гирад, замине ки аз ду подшоҳи он ту метарсӣ, тарк карда хоҳад шуд.
Пешгӯӣ дар бораи тохтутозе ки ба Яҳудо маҳдид мекунад.
17Худованд бар ту, ва бар қавми ту, ва бар хонадони падари ту рӯзҳое хоҳад овард, ки аз замоне ки Эфроим аз Яҳудо ҷудо шуд, наомада буд, яъне подшоҳи Ашшурро хоҳад овард.
18Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд ба магасе ки дар резишгоҳи наҳрҳои Миср аст, ва ба занбӯре ки дар замини Ашшур аст, хитоб хоҳад кард,
19Ва ҳамаашон омада, дар водиҳои вайрона, ва дар шикофҳои сахраҳо, ва бар ҳамаи хорбӯттаҳо, ва бар ҳамаи чарогоҳҳо ҷойгир хоҳанд шуд.
20Дар он рӯз Худованд бо устурае ки аз он тарафи наҳр киро карда шуда бошад, яъне ба воситаи подшоҳи Ашшур, мӯйсар ва мӯи пойҳоро хоҳад тарошид; ва ҳатто ришро он устура нест хоҳад кард.
21Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар кас як ғуноҷин ва ду меш нигоҳ хоҳад дошт,
22Ва аз бисьёрии шире ки медӯшад, қаймоқ хоҳад хӯрд, зеро ҳар кӣ дар ин замин боқӣ монда бошад, хӯрокаш қаймоқ ва асал хоҳад буд.
23Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар ҷое ки дар он ҳазор ток ба баҳои ҳазор сиқли нуқра мавҷуд буд, ҷои явшон ва хори шутур хоҳад гардид.
24Бо тирҳо ва камонҳо мардум ба он ҷо хоҳанд омад, зеро ки тамоми замин аз явшон ва хори шутур пур хоҳад шуд.
25Ва ба ҳар кӯҳе ки бо каланд кор карда мешуд, ту аз тарси явшон ва хори шутур нахоҳӣ омад: ба он ҷо барзаговонро хоҳанд фиристод, ва гӯсфандон онро поймол хоҳанд кард.
Currently Selected:
Ишаъё 7: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.