YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 58

58
БОБИ ПАНҶОҲУ ҲАШТУМ
Мазаммат дар ҳаққи порсоии зоҳирӣ.
Некуӣ насиби порсоии ҳақиқист.
1«Бо тамоми овоз хитоб намо, худдорӣ накун!
Овози худро мисли шох баланд карда,
ба қавми Ман ҷинояташонро,
ва ба хонадони Яъқуб гуноҳашонро эълон намо.
2Ба яқин, онҳо Маро ҳар рӯз меҷӯянд, ва роҳҳои Маро
зоҳиран мехоҳанд,
мисли халқе ки адолатро риоя намудаанд,
ва шариати Худои худро тарк накардаанд;
аҳкоми адолатро аз Ман пурсида,
гӯё мехоҳанд ба Худо наздик бошанд:
3„Чаро рӯза доштем, вале Ту намебинӣ?
Ҷонҳои худро азоб додем, вале Ту намедонӣ?“
Шумо, охир, дар рӯзи рӯзаи худ низ
корубори худро меёбед,
ва ҳамаи коргарони худро ба танг меоваред.
4Шумо, охир, барои низоъ ва нифоқ рӯза медоред,
ва барои он ки бо мушти шарорат бизанед;
имрӯз шумо тавре рӯза намедоред, ки овозатон
дар афроз шунида шавад.
5Оё чунин аст рӯзае ки гузидаи Ман бошад,
— рӯзе ки одамизод ҷонашро азоб медиҳад?
Оё ин барои он аст, ки кас сари худро мисли най
хам созад,
ва палосу хокистар зери худ андозад?
Оё инро рӯза ва рӯзи писандидаи Худованд мехонӣ?
6Охир, рӯзае ки гузидаи Ман бошад, чунин аст:
завлонаҳои шароратро бикшо, гиреҳҳои юғро воз кун,
ва мазлумонро озод намо,
ва ҳар юғро бишкан;
7Нони худро ба гуруснагон тақсим кун,
ва бенавоёни оворагардро ба хонаи худ биёр;
вақте ки бараҳнаро бинӣ, ӯро либос пӯшон,
ва аз ақрабои худ пинҳон нашав.
8Он гоҳ нури ту мисли шафақ ҷило хоҳад дод,
ва шифои ту ба зудӣ фаро хоҳад расид,
ва адолати ту пешопеши ту хоҳад рафт,
ва ҷалоли Худованд соқаи ту хоҳад буд.
9Он гоҳ ту дуо хоҳӣ гуфт, ва Худованд иҷобат
хоҳад намуд;
ту истиғоса хоҳӣ кард, ва Ӯ хоҳад гуфт: „Инак,
Ман ҳозирам!“
Агар юғ, ишорати ангушт ва бадгапиро
аз миёни худ дур созӣ,
10Ва ҷони худро ба гуруснае бидиҳӣ,
ва ҷони ситамкашеро сер кунӣ, —
он гоҳ нури ту дар зулмот хоҳад дурахшид,
ва торикии ту мисли нимирӯзӣ хоҳад буд;
11Ва Худованд туро ҳамеша ҳидоят хоҳад намуд,
ва дар хушксолиҳо туро сер хоҳад кард,
ва ба устухонҳои ту қувват хоҳад дод,
ва ту мисли боғи сероб хоҳӣ буд,
ва мисли чашмае ки обаш ҳаргиз адо намешавад.
12Ва онҳое ки аз ту ба вуҷуд меоянд,
харобаҳои қадимро бино хоҳанд кард,
ва ту асосҳои чандин асрро барпо хоҳӣ намуд,
ва туро таъмиркунандаи рахнаҳо,
ободкунандаи роҳҳо барои сукунат хоҳанд номид.
13Агар пои худро ба хотири шанбе
аз иҷрои корубори худ дар рӯзи муқаддаси Ман боздорӣ,
ва шанберо ҳаловат, ва рӯзи муқаддаси
Худовандро мӯҳтарам бихонӣ,
ва онро эҳтиром намоӣ бе он ки ба роҳҳои худ
равона шавӣ,
коруборе барои худ пайдо кунӣ
ва дар ин хусус суханони беҳуда ронӣ, —
14Он гоҳ дар Худованд ҳаловат хоҳӣ бурд,
ва туро бар баландиҳои замин хоҳам баровард,
ва ирси падарат Яъқубро ба ту хоҳам чашонид,
зеро ки даҳони Худованд инро гуфтааст».

Currently Selected:

Ишаъё 58: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in