Ишаъё 57
57
БОБИ ПАНҶОҲУ ҲАФТУМ
Осоиштагӣ насиби одилон аст;
шарирон дар ташвиши доимӣ хоҳанд буд.
1Одил нобуд мешавад, ва касе нест,
ки инро ба дил гирад;
ва мардуми порсо аз миён мераванд,
ва касе фаҳм намекунад,
ки одил ба сабаби шӯру шар аз миён меравад.
2Вай ба макони сулҳу осоиштагӣ дохил мешавад;
онҳое ки бо роҳи рост равонанд,
бар ҷогаҳҳои худ ором хоҳанд ёфт.
3Вале шумо, эй писарони ҷодугар,
эй зурьёти фосиқ ва фоҳиша,
ба ин ҷо наздик оед!
4Шумо бар кӣ истеҳзо менамоед?
Бар кӣ даҳонро воз ва забонро дароз мекунед?
Шумо, охир, фарзандони ҷиноят,
зурьёти кизб ҳастед,
5Ки дар сояи дарахтони писта,
ба зери ҳар дарахти сабз худро барои ҷимоъ
ба ҷӯш меоваред,
ва кӯдаконро дар водиҳо,
ба зери шикофҳои сахраҳо забҳ мекунед!
6Дар миёни сангҳои суфтаи водӣ қисмати туст;
ҳаминҳо насиби туст;
барои онҳо низ ҳадияҳои рехтанӣ мерезӣ,
ҳадияҳои ордӣ меоварӣ;
оё Ман метавонам аз инҳо сарфи назар кунам?
7Бар кӯҳи баланд ва саркаш
ту ҷогаҳи худро гузоштаӣ;
ба он ҷо низ баромада, забҳ мекунӣ.
8Ва бар пушти дар ва паҳлудариҳо ёдоварди
бути худро овехтаӣ,
зеро ки аз Ман рӯ тофта, бараҳна шудаӣ,
ва бар ҷогаҳи худ баромада, онро васеъ кардаӣ,
ва бо баъзе аз онҳо аҳд бастаӣ,
ҷогаҳи онҳоро дӯст доштаӣ,
вақте ки ҷои мувофиқе дидаӣ.
9Ва бо равғани атрафшон назди Мӯлик#57:9 Мӯлик — худои қадими канъониён, ки барояш фарзандони худро қурбонӣ мекарданд. низ рафтаӣ,
ва атриёти худро афзун кардаӣ,
ва элчиёни худро ба ҷойҳои дур фиристодаӣ,
ва худро то ба дӯзах паст гардонидаӣ.
10Аз роҳи дуру дарози худ лакот шудаӣ,
лекин нагуфтаӣ: «Умеде нест!»
Боз қуввате дар дасти худ пайдо кардаӣ,
бинобар ин ба ташвиш наафтодаӣ.
11Пас ту аз кӣ тарсидаӣ ва ҳаросон шудаӣ,
ки хиёнат кардаӣ, ва Маро ба ёд наовардаӣ,
оқибати инро ба дил нагирифтаӣ?
Оё на аз он сабаб ки Ман дер вақт хомӯш мондаам,
ва ту аз Ман натарсидаӣ?
12Ман адолати ту ва аъмоли туро маълум хоҳам кард,
ва онҳо ба ту фоидае нахоҳад бахшид.
13Вақте ки доду фарьёд бардорӣ, оё андӯхтаи бутхоят
туро халосӣ медиҳад?
Ҳамаи онҳоро боде хоҳад бардошт
ва нафасе хоҳад бурд,
валекин ҳар кӣ ба Ман паноҳ мебарад, вориди замин хоҳад шуд,
ва кӯҳи муқаддаси Маро тасарруф хоҳад намуд.
14Ва гуфт: «Ҳамвор кунед, ҳамвор кунед,
роҳро холӣ кунед,
монеаро аз роҳи қавми Ман дур кунед!»
15Зеро Ӯ, ки Олӣ ва Баланд аст, ва дар абадият Сокин мебошад,
ва исмаш Қуддус аст, чунин мегӯяд:
«Ман дар макони олӣ ва муқаддас,
вале бо мазлум ва афтодарӯҳ сукунат дорам,
то ки рӯҳи афтодагонро зинда созам,
ва дили мазлумонро эҳьё намоям.
16Зеро ки то абад додгарӣ нахоҳам кард,
ва беинтиҳо ғазаб нахоҳам намуд,
вагар на рӯҳ ва ҷонҳое ки Ман офаридаам,
пеши Ман бемаҷол хоҳанд шуд.
17Барои гуноҳи тамаъкории ӯ Ман ба хашм омада,
ӯро зарба задам,
рӯи Худро пинҳон доштам ва ғазаб намудам,
вале ӯ густохона бо роҳи дили худ рафтан гирифт.
18Роҳҳои ӯро Ман дидаам, вале ӯро шифо хоҳам дод,
ва ӯро ҳидоят хоҳам кард, ва ӯ ва мотамдорони ӯро
тасаллӣ хоҳам дод.
19Ман самари лабҳоро ба вуҷуд хоҳам овард,
ки чунин аст:
осоиштагӣ, осоиштагӣ ба касе ки дур аст,
ва ба касе ки наздик аст, —
мегӯяд Худованд, — ва ӯро шифо хоҳам дод».
20Валекин шарирон мисли баҳри пурталотуманд,
ки он наметавонад ором шавад,
ва обҳояш лой ва лӯшро берун мепартояд.
21«Барои шарирон осоиштагӣ нахоҳад буд», — мегӯяд
Худои ман.
Currently Selected:
Ишаъё 57: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.