Агар пои худро ба хотири шанбе
аз иҷрои корубори худ дар рӯзи муқаддаси Ман боздорӣ,
ва шанберо ҳаловат, ва рӯзи муқаддаси
Худовандро мӯҳтарам бихонӣ,
ва онро эҳтиром намоӣ бе он ки ба роҳҳои худ
равона шавӣ,
коруборе барои худ пайдо кунӣ
ва дар ин хусус суханони беҳуда ронӣ, —
Он гоҳ дар Худованд ҳаловат хоҳӣ бурд,
ва туро бар баландиҳои замин хоҳам баровард,
ва ирси падарат Яъқубро ба ту хоҳам чашонид,
зеро ки даҳони Худованд инро гуфтааст».