Ишаъё 59
59
БОБИ ПАНҶОҲУ НӮҲУМ
Ҳалокати қавми шарир.
Ваъдаи омадани Раҳокунанда.
1Охир, дасти Худованд кӯтоҳ нест,
ки наҷот надиҳад,
ва гӯши Ӯ вазнин нест,
ки нашнавад,
2Балки гуноҳҳои шумо дар миёни шумо
ва Худои шумо ҷудоӣ андохтааст,
ва хатоҳои шумо рӯи Ӯро аз шумо пӯшидааст,
то ки нашнавад.
3Зеро ки дастҳои шумо ба хун,
ва ангуштҳои шумо ба гуноҳ олуда шудааст;
лабҳои шумо дурӯғ мегӯяд,
забони шумо ноинсофона сухан меронад.
4Ҳеҷ кас толиби адолат нест,
ва ҳеҷ кас аз рӯи ростӣ доварӣ намекунад:
ба ҳеҷу пуч умед мебанданд ва суханони ботил мегӯянд,
ба хабосат ҳомила мешаванд ва бадиро мезоянд.
5Аз тухмҳои афъӣ бача мебароваранд,
ва тори анкабӯт метананд;
Ҳар кӣ аз тухмҳои онҳо бихӯрад, мемирад,
ва агар пахш кунад, афъӣ берун меояд.
6Тори анкабӯти онҳо барои либос кор намеояд,
ва онҳо худро бо самари аъмолашон
наметавонанд пӯшонанд;
аъмоли онҳо аъмоли ҷафост,
ва кори ситам дар дасти онҳост.
7Пойҳои онҳо сӯи шарорат медавад,
ва ба рехтани хуни шахси бегуноҳ мешитобад;
фикрҳои онҳо фикрҳои ҷафост;
тороҷ ва шикаст дар ҷоддаҳои онҳост.
8Онҳо роҳи осоиштагиро намедонанд,
ва дар тариқҳои онҳо инсофе нест;
ҷоддаҳои худро качу килеб кардаанд:
ҳар кӣ бо онҳо қадамгузор бошад, осоиштагиро
намедонад.
9Бинобар ин инсоф аз мо дур шудааст,
ва адолат ба мо намерасад;
ба нур умедвор мешавем, ва инак зулмот аст,
ба дурахшҳо нигарон ҳастем —
дар торикӣ қадам мемонем.
10Мисли кӯрон деворро даст‐даст мекунем,
ва мисли касони бечашм даст‐дасткунон роҳ меравем;
дар нимирӯзӣ мисли торикии шом пешпо мехӯрем,
дар миёни тандурустон мисли мурдагонем.
11Ҳамаамон мисли хирсон наъра мезанем,
ва мисли кабӯтарон нолиш мекунем;
ба инсоф умедворем — ва нест,
ба наҷот умедворем — аз мо дур аст.
12Зеро ки ҷиноятҳои мо пеши Ту бисьёр шудааст,
ва хатоҳои мо ба муқобили мо шаҳодат медиҳад;
зеро ки ҷиноятҳои мо бо мост,
ва гуноҳҳои худро медонем.
13Хиёнат карда, мункири Худованд шудаем,
ва аз Худои худ дурӣ гузидаем;
каломи зулм ва куфрро ба забон рондаем,
суханони дурӯғро аз дил гузаронида, ифода намудаем.
14Ва инсоф ақиб гаштааст,
ва адолат дар ҷои дур истодааст,
зеро ки ростӣ дар майдон пешпо хӯрдааст,
ва дурусткорӣ наметавонад биёяд.
15Ва ростӣ нест шудааст,
ва ҳар кӣ аз бадӣ канорагирӣ кунад, гирифтори таҳқир мешавад;
ва Худованд дид,
ва дар назари Ӯ бад омад, ки инсофе нест.
16Ва дид, ки одаме нест,
ва тааҷҷуб намуд, ки пуштибоне нест;
ва бозуи Ӯ ба Ӯ мададгор шуд,
ва адолати Ӯ Ӯро дастгирӣ намуд.
17Ва Ӯ адолатро мисли зиреҳ дар бар кард,
ва хӯди наҷотро бар сари Худ ниҳод,
ва пероҳани интиқомро дар ивази либос дар бар кард,
ва рашкро мисли ҷомае пӯшид, —
18Бар тибқи аъмоли онҳо; бар тибқи он Ӯ подош хоҳад дод:
ғазабро ба адуёни Худ, подошро ба душманони Худ,
сазоро ба ҷазираҳо хоҳад дод.
19Ва дар ғарб аз исми Худованд,
ва дар тарафи тулӯи офтоб аз ҷалоли Ӯ хоҳанд тарсид;
вақте ки душман мисли наҳре ба ҳуҷум ояд,
нафаси Худованд варо хоҳад ронд.
Раҳокунандаи Сион меояд.
20«Ва Раҳокунандае барои Сион хоҳад омад,
ва барои онҳое ки дар Яъқуб аз маъсият баргашта бошанд, — мегӯяд Худованд.
21Ва Ман, чунин аст аҳди Ман бо онҳо, — мегӯяд Худованд: Рӯҳи Ман, ки бар туст,
ва каломи Ман, ки Ман дар даҳони ту гузоштаам,
аз даҳони ту, ва аз даҳони насли ту,
ва аз даҳони насли насли ту дур нахоҳад шуд,
— мегӯяд Худованд, — аз алҳол ва то абад».
Currently Selected:
Ишаъё 59: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.