Зеро Ӯ, ки Олӣ ва Баланд аст, ва дар абадият Сокин мебошад,
ва исмаш Қуддус аст, чунин мегӯяд:
«Ман дар макони олӣ ва муқаддас,
вале бо мазлум ва афтодарӯҳ сукунат дорам,
то ки рӯҳи афтодагонро зинда созам,
ва дили мазлумонро эҳьё намоям.
Зеро ки то абад додгарӣ нахоҳам кард,
ва беинтиҳо ғазаб нахоҳам намуд,
вагар на рӯҳ ва ҷонҳое ки Ман офаридаам,
пеши Ман бемаҷол хоҳанд шуд.