Ишаъё 56
56
БОБИ ПАНҶОҲУ ШАШУМ
Дастурҳо оид ба ахлоқ.
Пешвоёни нобоб ҷазо хоҳанд дид.
1Худованд чунин мегӯяд:
«Инсофро нигоҳ доред ва адолатро ба амал оваред,
зеро ки наҷоти Ман ба зудӣ хоҳад омад,
ва адолати Ман зоҳир хоҳад шуд.
2Хушо касе ки инро ба ҷо меоварад,
ва одаме ки ба ин пайравӣ менамояд,
шанберо нигоҳ дошта, палид намекунад
ва дасти худро аз ҳар бадкирдорӣ бозмедорад».
3Ва бигзор аҷнабие ки ба Худованд ҳамроҳ
шуда бошад, нагӯяд:
«Худованд маро аз қавми Худ тамоман ҷудо
кардааст»,
ва хоҷасарой нагӯяд: «Ман, охир, дарахти
хушк ҳастам».
4Зеро ки Худованд дар бораи хоҷасароён
чунин мегӯяд:
«Онҳое ки шанбеҳои Маро нигоҳ медоранд,
ва он чиро, ки дилхоҳи Ман аст, интихоб мекунанд,
ва ба аҳди Ман пайравӣ менамоянд, —
5Ба онҳо дар хонаи Худ ва андаруни деворҳои
Худ ёдгорӣ
ва исме беҳтар аз писарон ва духтарон
хоҳам дод;
исми ҷовидоние ки маҳвнопазир аст, ба онҳо
хоҳам дод.
6Ва аҷнабиёне ки ба Худованд ҳамроҳ шуда бошанд,
то ки ба Ӯ хизмат кунанд ва исми Худовандро
дӯст дошта,
бандагони Ӯ гарданд, яъне ҳамаи онҳое ки
шанберо нигоҳ дошта,
палид намекунанд ва ба аҳди Ман пайравӣ
менамоянд, —
7Онҳоро Ман ба кӯҳи муқаддаси Худ хоҳам овард,
ва онҳоро дар хонаи ибодати Худ шод хоҳам кард;
қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои онҳо
бар қурбонгоҳи Ман мақбул хоҳад буд,
зеро ки хонаи Ман хонаи ибодат барои
ҳамаи қавмҳо хонда хоҳад шуд».
8Худованд Худо, ки рондашудагони Исроилро
ҷамъ меоварад, мегӯяд:
«Ба замми онҳое ки ҷамъ омадаанд, Ман боз
ҷамъ хоҳам овард».
9Эй тамоми ҳайвоноти саҳро, омада бихӯред!
Эй тамоми ҳайвоноти ҷангал!
10Посбонони вай ҳамаашон кӯр ҳастанд ва нодон;
ҳамаашон сагони гунг ҳастанд, ки наметавонанд
ак‐ак кунанд;
хобида сафсата мегӯянд, пинак рафтанро дӯст медоранд.
11Ва инҳо сагони ҳарисанд, ки сериро намедонанд;
ва онҳо чӯпононанд, ки наметавонанд фаҳм кунанд;
ҳамаашон ба роҳи худ мераванд,
ҳар яке, саросар, фоидаи худро хоҳон аст.
12Мегӯянд: «Биёед! Шароб биёрам, ва мо арақ
нӯшида маст шавем;
ва фардо мисли имрӯз, балки боз ҳам зиёдтар
хоҳад буд».
Currently Selected:
Ишаъё 56: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.