Ва аҷнабиёне ки ба Худованд ҳамроҳ шуда бошанд,
то ки ба Ӯ хизмат кунанд ва исми Худовандро
дӯст дошта,
бандагони Ӯ гарданд, яъне ҳамаи онҳое ки
шанберо нигоҳ дошта,
палид намекунанд ва ба аҳди Ман пайравӣ
менамоянд, —
Онҳоро Ман ба кӯҳи муқаддаси Худ хоҳам овард,
ва онҳоро дар хонаи ибодати Худ шод хоҳам кард;
қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои онҳо
бар қурбонгоҳи Ман мақбул хоҳад буд,
зеро ки хонаи Ман хонаи ибодат барои
ҳамаи қавмҳо хонда хоҳад шуд».