YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 55

55
БОБИ ПАНҶОҲУ ПАНҶУМ
Дар бораи наҷоти ҷовидонӣ.
1«Эй ҳамаи ташнагон, сӯи обҳо биёед!
Ва эй онҳое ки нуқра надоред, биёед, бихаред,
ва бихӯред!
Ва омада, бе нуқра ва бе баҳо шароб ва шир бихаред!
2Чаро нуқраро барои он чи нон нест,
ва меҳнати худро барои он чи сер намекунад,
сарф менамоед?
Маро бодиққат бишнавед, ва чизҳои хубро бихӯред,
то ки ҷони шумо аз фаровонӣ лаззат барад.
3Гӯши худро хам карда, назди Ман биёед;
бишнавед, то ки ҷони шумо зинда шавад;
ва Ман ба шумо аҳди ҷовидонӣ,
яъне марҳаматҳои боэътимоди Довудро хоҳам бахшид.
4Инак, Ман Ӯро шоҳиде барои умматҳо,
пешво ва ҳокими қабилаҳо гардонидаам.
5Инак, халқеро, ки ту намешинохтӣ, даъват хоҳӣ намуд,
ва халқе ки туро намешинохтанд, сӯи ту хоҳанд давид,
ба хотири Худованд Худои ту ва Қуддуси Исроил,
зеро ки Ӯ туро шавкат бахшидааст.
6Худовандро толиб бошед, вақте ки Ӯ ёфт мешавад;
Ӯро бихонед, вақте ки Ӯ наздик аст.
7Бигзор шарир роҳи худро,
ва шахси бадкор фикрҳои худро тарк карда,
сӯи Худованд баргардад,
ва Ӯ ба вай раҳм хоҳад кард;
ва сӯи Худои мо баргардад,
зеро ки Ӯ бисьёр меомурзад.
8Зеро ки фикрҳои Ман фикрҳои шумо нест,
ва роҳҳои шумо роҳҳои Ман нест, — мегӯяд Худованд.
9Зеро, чунон ки осмон аз замин баланд аст,
ончунон роҳҳои Ман аз роҳҳои шумо,
ва фикрҳои Ман аз фикрҳои шумо баланд аст.
10Зеро, чунон ки борон ва барф аз осмон меборад
ва ба он ҷо барнамегардад, балки заминро
сероб карда, онро ҳосилхез
ва сабзу хуррам мегардонад,
ва ба зироаткор тухм ва ба нонхӯр нон мебахшад,
11Ончунон каломе ки аз даҳони Ман мебарояд,
хоҳад буд:
вай сӯи Ман бенатиҷа нахоҳад баргашт,
балки он чиро, ки Ман хостаам, ба ҷо хоҳад овард,
ва ба иҷрои он чи, ки барояш варо фиристодаам,
муваффақ хоҳад шуд.
12Зеро ки шумо бо хурсандӣ берун хоҳед рафт,
ва бо осоиштагӣ гуселонида хоҳед шуд;
кӯҳҳо ва теппаҳо пеши шумо бо овози баланд тараннум хоҳанд кард,
ва хамаи дарахтони саҳро қарсак хоҳанд зад.
13Ба ҷои хорбӯтта сарв хоҳад рӯид,
ва ба ҷои газна ос хоҳад рӯид;
ва ин барои Худованд ҷалоле,
аломати ҷовидонии маҳвнопазире хоҳад буд».

Currently Selected:

Ишаъё 55: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in