YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 51

51
БОБИ ПАНҶОҲУ ЯКУМ
Наҷоти ояндаи Исроил.
1«Маро бишнавед, эй муштоқони адлу инсоф,
эй толибони Худованд!
Ба сахрае ки аз он канда шудаед,
ва ба умқи ҳафрае ки аз он берун оварда шудаед,
назар андозед.
2Ба падаратон Иброҳим,
ва ба Соро, ки шуморо зоидааст, назар андозед;
зеро вақте ки Ман ӯро даъват намудам,
ӯ як нафар буд,
ва ӯро баракат додам, ва ӯро афзун гардонидам.
3Ба яқин, Худованд Сионро тасаллӣ хоҳад дод,
тамоми харобазори онро тасаллӣ хоҳад дод,
ва биёбони онро мисли Адан,
ва саҳрои онро мисли боғи Худованд хоҳад гардонид;
шодӣ ва хурсандӣ,
шукрона ва овози суруд дар он шунида хоҳад шуд.
4Эй қавми Ман, ба Ман диққат намоед,
ва эй қабилаи Ман, ба Ман гӯш диҳед!
Зеро ки шариат аз ҷониби Ман хоҳад баромад,
ва Ман инсофи Худро мисли нуре бар қавмон
хоҳам пошид.
5Адолати Ман наздик аст, наҷоти Ман зоҳир шудааст,
бозуҳои Ман қавмонро доварӣ хоҳад намуд;
ҷазираҳо ба Ман умедвор шуда,
ба бозуи Ман таваккал хоҳанд кард.
6Чашмони худро сӯи осмон баланд кунед,
ва ба поён, сӯи замин назар андозед,
зеро ки осмон мисли дуд пароканда хоҳад гардид,
ва замин мисли ҷомае ҷиғда‐ҷиғда хоҳад шуд,
ва сокинонаш низ хоҳанд мурд,
валекин наҷоти Ман то абад боқӣ хоҳад монд,
ва адолати Ман хотима нахоҳад ёфт.
7Маро бишнавед, эй адолатшиносон,
эй қавме ки шариати Ман дар дили шумост!
Аз мазаммати мардум натарсед,
ва аз таҳқири онҳо наҳаросед,
8Зеро ки онҳоро мисли либосе куя хоҳад зад,
ва кирм онҳоро мисли пашме хоҳад хӯрд,
валекин адолати Ман то абад,
ва наҷоти Ман ба таври доимӣ боқӣ хоҳад монд».
9Бедор шав, эй бозуи Худованд, бедор шав,
ва ҷомаи қудратро дар бар кун!
Мисли айёми қадим ва даврҳои дерин бедор шав!
Оё ту ҳамон нестӣ, ки Раҳабро куштаӣ,
ва наҳангро нобуд кардаӣ?
10Оё ту ҳамон нестӣ,
ки баҳр ва обҳои вартаи азимро хушк кардаӣ,
ва умқҳои баҳрро ба роҳе табдил додаӣ,
то ки растагорон убур намоянд?
11Ва растагорони Худованд баргашта,
бо тараннум ба Сион хоҳанд омад,
ва хурсандии абадӣ бар сари онҳо хоҳад буд;
онҳо ба шодӣ ва хурсандӣ ноил хоҳанд гардид,
ва андӯҳу фиғон нест хоҳад шуд.
12«Ман, Ман Тасаллидиҳандаи шумо ҳастам.
Ту кистӣ, ки аз инсони миранда метарсӣ,
ва аз писари одам, ки мисли гиёҳ аст?
13Ва ту Худовандро, ки Офаринандаи туст,
ва Ӯ осмонро густурдааст
ва заминро буньёд кардааст, фаромӯш мекунӣ,
ва ҳамеша, ҳар рӯз аз хашми ситамгар,
вақте ки вай барои нобуд кардан омода мегардад,
ҳаросон мешавӣ.
Вале хашми ситамгар куҷост?
14Ба зудӣ бандӣ раҳо хоҳад шуд, ва андаруни чоҳ нахоҳад мурд, ва нонаш камӣ нахоҳад кард.
15Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки баҳрро ба ҷӯшу хурӯш меоварам, то ки мавҷҳояш наъра кашад; Худованди лашкарҳо исми Ман аст.
16Ва Ман каломи Худро дар даҳони ту гузоштаам, ва дар сояи дасти Худ туро пинҳон кардаам, то ки осмонро барқарор намоям, ва заминро буньёд кунам, ва ба Сион бигӯям: „Ту қавми Ман ҳастӣ“».
17Хушьёр шав, ҳушьёр шав, бархез, эй Ерусалим,
ки ту аз дасти Худованд косаи ғазаби Ӯро нӯшидаӣ,
дурди косаи заҳролудро нӯшида, холӣ кардаӣ.
18Аз ҳамаи писароне ки вай зоидааст, яке набуд,
ки варо раҳбарӣ намояд,
ва аз ҳамаи писароне ки вай ба воя расонидааст,
яке набуд, ки дасти варо гирад.
19Ду фалокат ба сари ту омадааст, —
кист, ки ба ту ҳамдардӣ изҳор кунад?
Таҳлука ва шикаст, қаҳтӣ ва шамшер!
Кист, ки туро тасаллӣ диҳад?
20Писарони ту бемаҷол гардида,
дар сари ҳар кӯча
мисли говмеши ба домафтодае хобидаанд,
дар ҳолате ки аз ғазаби Худованд,
аз итоби Худои ту пур шудаанд.
21Пас, инро бишнав, эй шӯрбахт,
ва эй масту мадҳуш, вале на аз шароб.
22Худованди ту, Худованд ва Худои ту,
ки қавми Худро пуштибонӣ мекунад, чунин мегӯяд:
«Инак, Ман косаи заҳролудро,
дурди косаи ғазаби Худро аз дасти ту мегирам:
ту онро дигар нахоҳӣ нӯшид.
23Ва онро ба дасти касоне ки бар ту ситам мекунанд,
медиҳам, ки онҳо ба ҷони ту мегуфтанд:
„Сарнагун шав, то аз болоят бигзарем“,
ва ту тахтапушти худро мисли замин
ва мисли кӯча барои роҳгузарон гардондаӣ».

Currently Selected:

Ишаъё 51: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in