1
Ишаъё 51:12
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
«Ман, Ман Тасаллидиҳандаи шумо ҳастам. Ту кистӣ, ки аз инсони миранда метарсӣ, ва аз писари одам, ки мисли гиёҳ аст?
Compare
Explore Ишаъё 51:12
2
Ишаъё 51:16
Ва Ман каломи Худро дар даҳони ту гузоштаам, ва дар сояи дасти Худ туро пинҳон кардаам, то ки осмонро барқарор намоям, ва заминро буньёд кунам, ва ба Сион бигӯям: „Ту қавми Ман ҳастӣ“».
Explore Ишаъё 51:16
3
Ишаъё 51:7
Маро бишнавед, эй адолатшиносон, эй қавме ки шариати Ман дар дили шумост! Аз мазаммати мардум натарсед, ва аз таҳқири онҳо наҳаросед
Explore Ишаъё 51:7
4
Ишаъё 51:3
Ба яқин, Худованд Сионро тасаллӣ хоҳад дод, тамоми харобазори онро тасаллӣ хоҳад дод, ва биёбони онро мисли Адан, ва саҳрои онро мисли боғи Худованд хоҳад гардонид; шодӣ ва хурсандӣ, шукрона ва овози суруд дар он шунида хоҳад шуд.
Explore Ишаъё 51:3
5
Ишаъё 51:11
Ва растагорони Худованд баргашта, бо тараннум ба Сион хоҳанд омад, ва хурсандии абадӣ бар сари онҳо хоҳад буд; онҳо ба шодӣ ва хурсандӣ ноил хоҳанд гардид, ва андӯҳу фиғон нест хоҳад шуд.
Explore Ишаъё 51:11