YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 52

52
БОБИ ПАНҶОҲУ ДУЮМ
Рӯъёи Ерусалим дар айёми Малакути Худованд.
1Бедор шав, эй Сион, бедор шав,
ва ҷомаи қудрати худро дар бар кун!
Либоси шавкати худро бипӯш,
эй Ерусалим, эй шаҳри муқаддас!
Зеро ки номахтун ва палид
дигар вориди ту нахоҳад шуд.
2Худро аз хок биафшон,
бархоста, бинишин, эй Ерусалим!
Завлонаҳоро аз гардани худ бикшо,
эй духтари асиршудаи Сион!
3Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: «Муфт фурӯхта шудаед, ва бе нуқра раҳо хоҳед шуд».
4Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: «Қавми Ман дар ибтидо ба Миср фурӯд омадаанд, то ки дар он ҷо сукунат кунанд, ва пас аз он Ашшур беҳуда бар онҳо ситам кардааст.
5Ва акнун Маро дар ин ҷо чӣ мақсуд аст, — мегӯяд Худованд, — дар сурате ки қавми Ман муфт гирифта шудаанд? Ҳокимонашон онҳоро ба дод меоваранд, — мегӯяд Худованд, — ва ҳамеша, ҳар рӯз исми Ман хор дошта мешавад.
6Бинобар ин қавми Ман исми Маро хоҳанд шинохт; бинобар ин дар он рӯз хоҳанд донист, ки Ман ҳамон ҳастам, ки мегӯяд: „Инак, Ман ҳозирам!“»
7Чӣ гуна зебост бар кӯҳҳо пойҳои мубашшир,
ки аз сулҳу осоиштагӣ башорат медиҳад,
аз некӣ башорат медиҳад,
наҷотро зълон мекунад,
ба Сион мегӯяд: «Худои ту салтанат меронад!»
8Овози дидбонони туст, ки овоз баланд карда,
якҷоя тараннум менамоянд,
зеро бо чашмони худ мебинанд,
ки Худованд ба Сион бармегардад.
9Бо шодӣ овоз баланд карда,
якҷоя тараннум намоед, эй харобаҳои Ерусалим!
Зеро ки Худованд қавми Худро тасаллӣ дода,
Ерусалимро раҳо кардааст.
10Худованд бозуи муқаддаси Худро
пеши назари хамаи халқҳо бараҳна кардааст,
ва тамоми ақсои замин
наҷоти Худои моро хоҳанд дид.
11Дур шавед, дур шавед, аз он ҷо берун оед!
Ба чизи нопок нарасед!
Аз миёни он берун равед, худро тоза кунед,
эй онҳое ки зарфҳои Худовандро мебардоред!
12Зеро ки шитобон берун нахоҳед рафт,
ва гурезон равона нахоҳед шуд,
зеро ки пешопеши шумо Худованд хоҳад рафт,
ва соқаи шумо Худои Исроил хоҳад буд.
13Инак, бандаи Ман комьёб хоҳад гардид,
олиқадр ва болодаст ва ниҳоятдараҷа баланд
хоҳад шуд.
14Чунон ки бисьёр касон аз Ту дар ҳайрат
монда буданд, —
зеро ки намуди Ӯ аз ҳар шахс,
ва симои Ӯ аз банӣ‐одам бештар маиб шуда буд! —
15Ончунон Ӯ халқҳои зиёдро дар ҳайрат хоҳад андохт;
подшоҳон пеши Ӯ даҳони худро хоҳанд баст,
зеро он чиро, ки ба онҳо ҳикоят карда нашуда буд,
хоҳанд дид,
ва он чиро, ки нашунида буданд, хоҳанд фаҳмид.

Currently Selected:

Ишаъё 52: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in