YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 50

50
БОБИ ПАНҶОҲУМ
Ба залолат афтодани Қуддуси Худо.
1Худованд чунин мегӯяд:
«Талоқномаи модаратон,
ки Ман бо он ӯро рондаам, куҷост?
Ё кист аз қарзхоҳони Ман, ки шуморо ба вай
фурӯхтаам?
Шумо, охир, ба сабаби гуноҳҳои худ фурӯхта шудаед,
ва модаратон ба сабаби ҷиноятҳои шумо
ронда шудааст.
2Чаро, вақте ки Ман омадам, касе набуд?
Вақте ки Ман нидо кардам, касе ҷавоб надод?
Оё дасти Ман аз раҳо кардан кӯтоҳ шудааст?
Ва оё дар Ман қуввате нест, ки халосӣ диҳам?
Бо итоби Худ, охир, Ман баҳрро хушк мекунам,
наҳрҳоро ба биёбон табдил медиҳам,
ба тавре ки моҳии онҳо аз беобӣ бӯй мегирад
ва аз ташнагӣ мемирад.
3Ман осмонро кисвати сӯгворӣ мепӯшонам,
ва палосро пардаи он мегардонам».
4Худованд Худо забони донишҷӯёнро ба Ман додааст,
то ки тавонам бемачолеро бо калом дастгирӣ намоям;
Ӯ субҳ ба субҳ бедор мекунад,
гӯши Маро бедор мекунад,
то ки мисли донишҷӯён бишнавам.
5Худованд Худо гӯши Маро кушодааст,
ва Ман муқобилат накардаам,
ақиб нагаштаам.
6Ман тахтапуштамро ба зарбазанҳо,
ва рухсорамро ба ришканҳо додаам;
рӯямро аз хориҳо ва туфкуниҳо пинҳон накардаам.
7Ва Худованд Худо ба Ман ёварӣ мекунад;
бинобар ин Ман хиҷолат намекашам;
бинобар ин Ман рӯи Худро
мисли санги чақмоқ нигоҳ медорам,
ва медонам, ки хиҷил нахоҳам шуд.
8Сафедкунандаи Ман наздик аст.
Кист, ки тавонад бо Ман мубоҳиса намояд?
Якҷоя биистем!
Кист, ки тавонад ба Ман даъво кунад?
Бигзор наздик ояд!
9Худованд Худо, охир, ба Ман ёварӣ мекунад.
Кист, ки тавонад Маро айбдор кунад?
Ҳамаи онҳо, охир, мисли ҷомае ҷиғда‐ҷиғда
хоҳанд шуд:
онҳоро куя хоҳад зад.
10Кист аз шумо, ки аз Худованд метарсад
ва ба овози Бандаи Ӯ гӯш медиҳад?
Ҳар касе ки дар торикӣ қадамгузор буда,
рӯшноӣ надошта бошад,
бигзор ба исми Худованд таваккал намояд
ва ба Худои худ такья кунад.
11Инак ҳамаи шумо, ки оташ меафрӯзед,
ва шарораҳо мепошед, дар алангаи оташи худ
ва дар шарораҳое ки барафрӯхтаед,
қадамгузор бошед!
Ин барои шумо аз дасти Ман аст:
дар андӯҳ хоҳед хобид.

Currently Selected:

Ишаъё 50: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in