YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 49

49
БОБИ ЧИЛУ НӮҲУМ
Қуддус Раҳокунандаи Исроил хоҳад буд.
1Маро бишнавед, эй ҷазираҳо,
ва гӯш андозед, эй қабилаҳои дурдаст!
Худованд Маро аз батн даъват намудааст,
аз амъои модарам исми Маро зикр кардааст.
2Ва даҳони Маро мисли шамшери тез сохтааст,
Маро ба зери сояи дасти Худ паноҳ кардааст,
ва Маро тири суфтае гардонида,
дар тиркаши Худ пинҳон доштааст,
3Ва ба Ман гуфтааст: «Ту бандаи Ман ҳастӣ,
эй Исроил,
ки ба василаи Ту Ман ҷалол хоҳам ёфт».
4Ва Ман гуфтам: «Бар абас Ман заҳмат кашидаам,
қуввати Худро беҳуда ва бесамар сарф намудаам.
Аммо ҳаққи Ман бо Худованд аст,
ва музди Ман бо Худои Ман аст».
5Ва алҳол Худованд, ки Маро аз батн
барои бандагии Худ офаридааст, мегӯяд,
ки Яъқубро сӯи Ӯ баргардонам, ва Исроил
назди Ӯ ҷамъ шаванд;
ва Ман дар назари Худованд мӯҳтарам хоҳам шуд,
ва Худои Ман қуввати Ман хоҳад буд.
6Ва Ӯ мегӯяд: «Азбаски Ту бандаи Ман хоҳӣ буд,
чизи саҳл аст, ки сибтҳои Яъқубро
аз нав барқарор намоям
ва бақияҳои Исроилро баргардонам,
балки ҳамчунин Туро нури халқҳо хоҳам гардонид,
то ки наҷоти Ман то ақсои замин бирасад».
7Худованд, ки Раҳокунандаи Исроил ва Қуддуси ӯст,
ба нафратзадаи мардум,
ба макраҳаи халқҳо,
ба бандаи ҳокимон чунин мегӯяд:
«Подшоҳон дида, ба по хоҳанд хест,
мирон саҷда хоҳанд кард,
ба хотири Худованд, ки амин аст, ба хотири
Қуддуси Исроил, ки Туро баргузидааст».
8Худованд чунин мегӯяд: «Дар ҳини марҳамат
Туро иҷобат намудаам,
ва дар рӯзи наҷот Туро ёварӣ додаам,
ва Туро нигаҳбонӣ хоҳам кард, ва Туро
қавми аҳд хоҳам гардонид,
то ки заминро аз нав барқарор намоям
ва меросҳои валангоршударо ба ворисон
баргардонам,
9Ва ба бандиён бигӯям: „Берун оед“!
Ва ба онҳое ки дар зулмотанд: „Пеши нур биёед!“
Онҳо дар роҳҳо хоҳанд чаронид,
ва бар ҳар теппа чарогоҳи онҳо хоҳад буд.
10Гурусна ва ташна нахоҳанд монд,
ва гармо ва офтоб онҳоро нахоҳад сӯзонид,
зеро ки Раҳмхӯрашон онҳоро ҳидоят хоҳад намуд,
ва назди чашмаҳои об онҳоро хоҳад бурд.
11Ва ҳамаи кӯҳҳои Худро ба роҳ мубаддал
хоҳам намуд,
ва ҳамаи ҷоддаҳои Ман баланд хоҳад шуд.
12Инак баъзе аз ҷои дурдаст хоҳанд омад,
ва инак баъзе аз шимол ва аз ғарб,
ва баъзе аз замини Синим».
13Шодӣ намо, эй афлок, ба ваҷд ой, эй замин,
ва овози хурсандӣ бароред, эй кӯҳҳо!
Зеро ки Худованд қавми Худро тасаллӣ медиҳад,
ва ба ситамдидагони Худ раҳм мекунад.
14Вале Сион мегӯяд: «Худованд маро тарк намудааст,
ва Худо маро фаромӯш кардааст».
15«Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш карда,
ба писари батни худ раҳмаш намеояд?
Ва инҳо фаромӯш кунанд ҳам, Ман туро
фаромӯш нахоҳам кард.
16Инак, Ман туро бар кафи дастҳои Худ
нақш кашидаам;
ҳисорҳои ту доим пеши назари Ман аст.
17Писарони ту шитобон хоҳанд омад;
онҳое ки туро вайрон ва хароб кардаанд,
аз ту берун хоҳанд рафт.
18Чашмони худро ба ҳар ҷониб баланд намуда, бингар:
ҳамаашон ҷамъ шуда, сӯи ту меоянд.
Ба ҳаётам қасам, — мегӯяд Худованд, —
ки ту ҳамаи онҳоро мисли зеваре дар бар хоҳӣ кард,
ва мисли арӯс худро бо онҳо оро хоҳӣ дод,
19Зеро ки вайронаҳои ту, ва харобаҳои ту,
ва замини валангори ту обод гардида,
ҳоло ту аз бисьёрии сокинон танг хоҳӣ шуд,
ва маҳвкунандагонат аз ту дур хоҳанд гардид.
20Боз писаронат, ки дар ғурбат ба дуньё омадаанд,
ба самъи ту ба яқдигар хоҳанд гуфт:
„Ин макон барои ман танг аст;
дуртар бирав, то ки ман ҷойгир шавам“.
21Ва ту дар дили худ хоҳӣ гуфт: „Кист,
ки инҳоро барои ман зоидааст?
Ва ҳол он ки ман фарзандгумкарда ва нозой,
ҷалои ватан ва ғариб будам;
пас кист, ки инҳоро ба воя расонидааст?
Ман, охир, танҳо монда будам;
пас инҳо куҷо буданд?“»
Доварӣ бар ситамгарони Исроил.
22Худованд Худо чунин мегӯяд:
«Инак, дасти Худро сӯи халқҳо баланд хоҳам кард,
ва ливои Худро сӯи қавмон хоҳам барафрошт,
ва онҳо писаронатро дар оғӯши худ хоҳанд овард,
ва духтаронат бар китфи онҳо бардошта хоҳанд шуд.
23Ва подшоҳон мураббиёни ту,
ва маликаҳошон дояҳои ту хоҳанд буд;
рӯй бар замин ниҳода, ба ту саҷда хоҳанд кард,
ва хоки пои туро хоҳанд лесид;
ва ту хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам,
ва умедворони Ман хиҷил нахоҳанд шуд».
24Оё мумкин аст, ки аз дасти зӯровар
ғанимати вай гирифта шавад?
Ва асирон аз дасти ситамгар халосӣ ёбанд?
25Аммо Худованд чунин мегӯяд:
«Асирон низ аз дасти зӯровар гирифта хоҳанд шуд,
ва ғанимати ситамгар халосӣ хоҳад ёфт;
чунки Ман бо душманонат хоҳам ҷангид,
ва Ман писаронатро наҷот хоҳам дод;
26Ва ба онҳое ки бар ту ситам мекунанд,
гӯшти худашонро хоҳам хӯронид,
ва онҳо аз хуни худ чун аз шароб маст хоҳанд шуд;
ва ҳар башар хоҳад донист, ки Ман —
Худованд Наҷотдиҳандаи ту
ва Раҳокунандаи ту, Неруманди Яъқуб ҳастам».

Currently Selected:

Ишаъё 49: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in