1
Ишаъё 49:15
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
«Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш карда, ба писари батни худ раҳмаш намеояд? Ва инҳо фаромӯш кунанд ҳам, Ман туро фаромӯш нахоҳам кард.
Compare
Explore Ишаъё 49:15
2
Ишаъё 49:16
Инак, Ман туро бар кафи дастҳои Худ нақш кашидаам; ҳисорҳои ту доим пеши назари Ман аст.
Explore Ишаъё 49:16
3
Ишаъё 49:25
Аммо Худованд чунин мегӯяд: «Асирон низ аз дасти зӯровар гирифта хоҳанд шуд, ва ғанимати ситамгар халосӣ хоҳад ёфт; чунки Ман бо душманонат хоҳам ҷангид, ва Ман писаронатро наҷот хоҳам дод
Explore Ишаъё 49:25
4
Ишаъё 49:6
Ва Ӯ мегӯяд: «Азбаски Ту бандаи Ман хоҳӣ буд, чизи саҳл аст, ки сибтҳои Яъқубро аз нав барқарор намоям ва бақияҳои Исроилро баргардонам, балки ҳамчунин Туро нури халқҳо хоҳам гардонид, то ки наҷоти Ман то ақсои замин бирасад».
Explore Ишаъё 49:6
5
Ишаъё 49:13
Шодӣ намо, эй афлок, ба ваҷд ой, эй замин, ва овози хурсандӣ бароред, эй кӯҳҳо! Зеро ки Худованд қавми Худро тасаллӣ медиҳад, ва ба ситамдидагони Худ раҳм мекунад.
Explore Ишаъё 49:13