YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 48

48
БОБИ ЧИЛУ ҲАШТУМ
Наҷоти Исроил ба воситаи
Бандаи Муқаддаси Худо хоҳад омад.
1Инро бишнавед, эй хонадони Яъқуб,
ки ба номи Исроил хонда мешавед,
ва аз чашмаи Яҳудо ба вуҷуд омадаед,
ва ба исми Худованд қасам мехӯред,
ва Худои Исроилро зикр мекунед,
лекин на аз рӯи ростӣ ва на аз сидки дил.
2Зеро онҳо, ки худро аз фуқарои шаҳри
муқаддас мехонанд,
бар Худои Исроил эътимод менамоянд;
исми Ӯ Худованди лашкарҳост.
3«Вақоеи пешинаро Ман аз қадим эълон намудаам,
ва аз даҳони Ман баромадааст, ва Ман онҳоро
баён кардаам,
ногаҳон ба амал овардаам, ва иҷро шудааст.
4Азбаски Ман медонистам, ки ту сахтдил ҳастӣ,
ва рагу паи гарданат оҳанин,
ва пешониат мисин аст,
5Бинобар ин ба ту аз қадим эълон намудаам,
пеш аз вуқӯъ туро хабардор кардаам,
ки мабодо бигӯӣ: „Бути ман инро ба амал овардааст,
ва санами ман ва ҳайкали рехтаи ман инро амр
фармудааст“.
6Он чи шунидаӣ, ба ҳамааш назар андоз;
шумо, охир, инро метавонед тасдиқ кунед.
Аз ҳоло низ чизҳои тозаро ба ту эълон намудаам,
ва чизҳои ниҳониеро, ки ту намедонистӣ.
7Ҳоло, ва на аз қадим, ин чизҳо офарида шудааст,
ва ту дирӯз онҳоро нашнидаӣ,
ки мабодо бигӯӣ: „Инак, онҳоро медонистам“.
8Ҳам нашнидаӣ, ҳам надонистаӣ,
ва ҳам гӯши ту он вақт воз набуд;
зеро Ман медонистам, ки ту бисьёр хиёнаткор ҳастӣ,
ва аз батн осӣ номида шудаӣ.
9Ба хотири исми Худ ғазабамро нигоҳ медорам,
ва барои ҷалоли Худ ба нафъи ту худдорӣ менамоям,
то ки туро нобуд накунам.
10Инак, Ман туро гудохтаам, вале на дар бӯтаи нуқра:
туро дар кӯраи азиятҳо имтиҳон намудаам.
11Ба хотири Худам, ба хотири Худам ин корро
хоҳам кард,
зеро ки чаро исми Ман хор шавад?
Ва ҷалоли Худро ба дигаре нахоҳам дод.
12Маро бишнав, эй Яъқуб,
ва эй Исроили даъватшудаи Ман!
Ман ҳамон ҳастам, Ман аввалин ҳастам,
ва Ман охирин ҳастам.
13Дасти Ман заминро буньёд кардааст,
ва ямини Ман афлокро густурдааст;
чун онҳоро даъват намоям, яқҷоя хоҳанд истод.
14Ҳамаатон ҷамъ шавед ва бишнавед:
кист аз миёни бутҳо, ки ин вақоеъро пешгӯӣ
карда бошад?
Худованд варо дӯст доштааст, — вай иродаи Ӯро
дар Бобил ба ҷо хоҳад овард,
ва бозуи Ӯро бар калдониён зоҳир хоҳад кард.
15Ман, Ман гуфтаам, ва ӯро даъват намудаам:
ӯро овардаам, ва ӯ дар роҳи худ муваффақият
хоҳад ёфт.
16Ба Ман наздик омада, инро бишнавед:
аз ибтидо ҳам Ман ба таври ниҳонӣ сухан нарондаам;
аз замоне ки ин ба вуқӯъ меояд, Ман дар он ҷо
ҳастам».
Ва алҳол Худованд Худо Маро фиристодааст,
ва Рӯҳи Ӯ бар Ман аст.
17Худованд, ки Раҳокунандаи ту ва Қуддуси
Исроил аст, чунин мегӯяд:
«Ман Худованд Худои ту ҳастам ва туро
таълим медиҳам, ки ба худат фоида бирасонӣ,
ва туро ба роҳе ҳидоят менамоям,
ки бояд бо он биравӣ.
18Кошки ба аҳкоми Ман гӯш медодӣ!
Он гоҳ осоиштагии ту мисли наҳр,
ва адолати ту мисли мавҷҳои баҳр мебуд,
19Ва насли ту мисли рег,
ва зурьёти камари ту мисли зарраҳои он мебуд:
номи вай аз ҳузури Ман маҳв ва нобуд намешуд».
20Аз Бобил берун оед, аз миёни калдониён
шитобон биравед;
инро бо овози тараннум хабар диҳед ва эълон намоед;
то ақсои замин инро интишор кунед;
бигӯед: «Худованд бандаи Худ Яъқубро раҳо кард!»
21Ва онҳо ташнагӣ накашиданд, гарчанде ки Ӯ
онҳоро бо роҳҳои харобазор бурд;
аз кӯҳпора барои онҳо об баровард:
кӯҳпораро шикоф кард, ва об ҷорӣ шуд.
22«Барои шарирон осоиштагӣ нахоҳад буд», —
мегӯяд Худованд.

Currently Selected:

Ишаъё 48: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in