YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 45

45
БОБИ ЧИЛУ ПАНҶУМ
Давоми нубувват.
1Худованд ба масеҳи Худ, ба Куруш,
чунин мегӯяд:
«Ман дасти рости туро гирифтаам,
то халқҳоро пеши ту мағлуб намоям,
ва Ман камарҳои подшоҳонро хоҳам кушод,
то ки дарҳо пеши ту кушода шавад,
ва дарвозаҳо баста нашавад.
2Ман пешопеши ту хоҳам рафт ва ноҳамвориҳоро
ҳамвор хоҳам кард,
дарҳои мисинро пора‐пора хоҳам кард
ва ғалақаҳои оҳанинро хоҳам шикаст.
3Ва хазинаҳои зулмот
ва ганҷҳои ниҳониро ба ту хоҳам дод,
то бидонӣ, ки Ман — Худованде ки туро
ба номи ту хондаам,
Худои Исроил ҳастам.
4Ба хотири бандаи Худ Яъқуб
ва баргузидаи Худ Исроил
туро ба номат хондам
ва мӯҳтарам доштам,
гарчанде ки ту Маро намешинохтӣ.
Худованд ба Исроил хотиррасон менамояд,
ки наҷот танҳо дар Ӯст.
5Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест;
ғайр аз Ман Худое нест;
Ман камари туро бастаам, гарчанде ки ту
Маро намешинохтӣ,
6То ки аз тулӯи офтоб ва аз ғуруби он бидонанд,
ки ҷуз аз Ман нест:
Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест.
7Ман рӯшноиро ба вуҷуд меоварам
ва зулмотро меофарам,
сулҳу осоиштагӣ барқарор менамоям
ва мусибатҳоро ба вуҷуд меоварам;
Ман — Худованд ҳамаи инҳоро ба амал меоварам.
8Эй афлок! Аз боло биборон,
то ки абрҳо адлу инсофро фурӯ резад.
Бигзор замин рӯи худро бикшояд,
то ки наҷотро ба миён оварад,
ва адлу инсоф бо он нумӯ кунад.
Ман — Худованд инро офаридаам».
9Эй вой бар касе ки бо Офаринандаи худ
муноқиша мекунад,
дар сурате ки худаш сафолпорае
аз сафолпораҳои рӯи замин аст!
Оё гил ба кӯзагар мегӯяд: «Чӣ чизе сохтаӣ?»
Ва ё маснӯи ту мегӯяд: «Ӯ дасти моҳир надорад!»
10Эй вой бар касе ки ба падари худ гӯяд:
«Чаро ту маро ба дуньё овардаӣ?»
Ва ба модари худ: «Чаро ту маро зоидаӣ?»
11Худованд, ки Қуддуси Исроил
ва Офаринандаи вай аст, чунин мегӯяд:
«Оё шумо дар бораи ояндаи писарони Ман
ба Ман савол медиҳед,
ва дар бораи амали дастҳои Ман Маро амр
мефармоед?
12Ман заминро ба вуҷуд овардаам, ва инсонро
бар он офаридаам;
дастҳои Ман афлокро паҳн кардааст,
ва ҳамаи лашкарҳои онро Ман амр фармудаам.
13Ман ӯро барои адолат барангехтаам,
ва ҳамаи роҳҳояшро ҳамвор хоҳам кард.
Ӯ шаҳри Маро бино хоҳад кард, ва матрудони Маро
хоҳад фиристод,
лекин на дар ивази фидия
ва на дар ивази инъомҳо», — мегӯяд Худованди
лашкарҳо.
14Худованд чунин мегӯяд:
«Сарвати Миср, ва тиҷорати Ҳабаш,
ва аҳли Сабо, ки мардуми баландқоматанд,
аз ҳудуди ту хоҳанд гузашт ва аз они ту хоҳанд шуд:
онҳо аз паи ту хоҳанд рафт, дар занҷирҳо
хоҳанд гузашт,
ва пеши ту саҷда намуда,
бо дуо ба ту хоҳанд гуфт:
„Худо фақат дар туст,
ва ғайр аз Ӯ Худои дигаре нест“».
15Ба яқин, Ту Худои мастур ҳастӣ,
эй Худои Исроил, эй Наҷотдиҳанда!
16Ҳамаи ҳунармандони санамсоз хиҷил ва расво
хоҳанд шуд;
онҳо якҷоя ба расвоӣ хоҳанд рафт.
17Аммо Исроил дар Худованд наҷот хоҳад ёфт,
ки наҷоти ҷовидонӣ хоҳад буд;
шумо то абад хиҷил
ва расво нахоҳед шуд,
18Зеро Худованде ки афлокро офаридааст,
чунин мегӯяд;
Ӯ Худоест, ки заминро ба вуҷуд овардааст
ва сохтааст;
Ӯ онро барқарор намудааст; онро на аз барои
он офаридааст, ки бодияе бошад,
балки аз барои он ба вуҷуд овардааст,
ки маскун бошад.
«Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест.
19Ба таври ниҳонӣ,
дар макони тираи замин сухан нарондаам;
ба насли Яъқуб нагуфтаам:
„Маро беҳуда биҷӯед“;
Ман Худованди ҳақгӯй ҳастам,
ки чизҳои ростро баён мекунам.
20Ҷамъ шуда биёед,
ва бо ҳам наздик шавед, эй растагорони халқҳо!
Онҳое ки санами чӯбини худро бардошта мегарданд,
ва пеши худое ки наметавонад наҷот диҳад,
дуо мегӯянд, нодон ҳастанд.
21Бигӯед, ва пешниҳод кунед,
ва бо ҳам машварат намоед:
кист, ки инро аз қадимулайём эълон намуда,
аз он замон пешакӣ гуфтааст?
Оё на Ман, ки Худованд ҳастам?
Ва ғайр аз Ман Худои дигаре нест, —
Худои одил ва наҷотдиҳандае
ҷуз аз Ман нест.
22Ба Ман руҷӯъ намоед ва наҷот хоҳед ёфт,
эй тамоми ақсои замин!
Зеро ки Ман Худо ҳастам, ва дигаре нест.
23Ба Зоти Худ қасам хӯрдаам:
„Аз даҳони Ман ростӣ, каломи барнагаштанӣ
берун омадааст,
ки пеши Ман ҳар зонуе хам хоҳад шуд,
ва ҳар забоне ба исми Ман қасам хоҳад хӯрд,
24Ва ҳар кас хоҳад гуфт: адолат ва қудрат
барои ман фақат дар Худованд аст“».
Ҳаман онҳое ки бар Ӯ ғазаб доштанд,
сӯи Ӯ хоҳанд омад ва хиҷил хоҳанд шуд.
25Тамоми насли Исроил дар Худованд
сафед хоҳанд шуд ва ҷалол хоҳанд ёфт.

Currently Selected:

Ишаъё 45: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in