1
Ишаъё 45:3
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Ва хазинаҳои зулмот ва ганҷҳои ниҳониро ба ту хоҳам дод, то бидонӣ, ки Ман — Худованде ки туро ба номи ту хондаам, Худои Исроил ҳастам.
Compare
Explore Ишаъё 45:3
2
Ишаъё 45:2
Ман пешопеши ту хоҳам рафт ва ноҳамвориҳоро ҳамвор хоҳам кард, дарҳои мисинро пора‐пора хоҳам кард ва ғалақаҳои оҳанинро хоҳам шикаст.
Explore Ишаъё 45:2
3
Ишаъё 45:5-6
Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест; ғайр аз Ман Худое нест; Ман камари туро бастаам, гарчанде ки ту Маро намешинохтӣ, То ки аз тулӯи офтоб ва аз ғуруби он бидонанд, ки ҷуз аз Ман нест: Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест.
Explore Ишаъё 45:5-6
4
Ишаъё 45:7
Ман рӯшноиро ба вуҷуд меоварам ва зулмотро меофарам, сулҳу осоиштагӣ барқарор менамоям ва мусибатҳоро ба вуҷуд меоварам; Ман — Худованд ҳамаи инҳоро ба амал меоварам.
Explore Ишаъё 45:7
5
Ишаъё 45:22
Ба Ман руҷӯъ намоед ва наҷот хоҳед ёфт, эй тамоми ақсои замин! Зеро ки Ман Худо ҳастам, ва дигаре нест.
Explore Ишаъё 45:22
6
Ишаъё 45:1
Худованд ба масеҳи Худ, ба Куруш, чунин мегӯяд: «Ман дасти рости туро гирифтаам, то халқҳоро пеши ту мағлуб намоям, ва Ман камарҳои подшоҳонро хоҳам кушод, то ки дарҳо пеши ту кушода шавад, ва дарвозаҳо баста нашавад.
Explore Ишаъё 45:1
7
Ишаъё 45:23
Ба Зоти Худ қасам хӯрдаам: „Аз даҳони Ман ростӣ, каломи барнагаштанӣ берун омадааст, ки пеши Ман ҳар зонуе хам хоҳад шуд, ва ҳар забоне ба исми Ман қасам хоҳад хӯрд
Explore Ишаъё 45:23
8
Ишаъё 45:4
Ба хотири бандаи Худ Яъқуб ва баргузидаи Худ Исроил туро ба номат хондам ва мӯҳтарам доштам, гарчанде ки ту Маро намешинохтӣ.
Explore Ишаъё 45:4
Home
Bible
Plans
Videos