YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 46

46
БОБИ ЧИЛУ ШАШУМ
Панд ба Исроил дар бораи он ки қодир будани Худованд ва ноҷиз будани бутҳоро дар хотир нигоҳ доранд.
1Бил фурӯ ғалтидааст, Набӯ сари таслим овардааст,
бутҳои онҳо бар ҳайвонот ва чорпо бор карда шудааст:
он чизҳое ки шумо бардор‐бардор мекардед,
барои ҳайвоноти лакот бори гароне гардидааст.
2Онҳо якҷоя фурӯ ғалтида, сари таслим овардаанд,
он борро натавонистаанд раҳо кунанд,
балки худашон низ ба асирӣ рафтаанд.
3«Маро бишнавед, эй хонадони Яъқуб,
ва эй тамоми бақияи хонадони Исроил,
ки аз батн шуморо бар Худ бор кардаам,
ва аз раҳим шуморо бардоштаам,
4Ва то пирии шумо Ман хамон ҳастам,
ва то мӯйсафедии шумо Ман шуморо хоҳам бардошт:
Ман шуморо ба вуҷуд овардаам,
ва Ман бар Худ бор хоҳам кард,
ва Ман хоҳам бардошт ва хоҳам раҳонид.
5Маро ба кӣ монанд мекунед ва баробар медонед,
ва Маро ба кӣ мисол мезанед,
то ки монандӣ дошта бошам?
6Тиллоро аз ҳамьён мерезанд,
ва нуқраро бо тарозу бармекашанд;
заргареро киро мекунанд, то ки худое аз он бисозад;
пеши он саҷда мекунанд ва онро мепарастанд.
7Онро бар китфи худ бардошта мебаранд,
ва дар маконаш мегузоранд,
ва он меистад ва аз ҷояш намеҷунбад;
пеши он доду фарьёд мекунанд,
вале ҷавоб намедиҳад,
онҳоро аз мусибаташон раҳо намекунад.
8Инро ба ёд оваред ва худро даст гиред;
инро, эй осиён, ба дили худ гузаронед!
9Паёмҳои пешинаро аз замони қадим ба ёд оваред,
зеро ки Ман Худо ҳастам, ва Худои дигаре нест,
ва амсоли Ман нест.
10Оқибатро аз ибтидо, ва он чиро,
ки ҳанӯз рӯй надодааст, аз қадим баён менамоям;
Ман мегӯям: „Иродаи Ман иҷро хоҳад шуд,
ва ҳар он чиро, ки хостаам, ба ҷо хоҳам овард“.
11Уқоберо аз шарқ,
иҷрокунандаи қарори Худро аз кишвари дурдаст
хондаам;
он чи гуфтаам, яқинан ба амал хоҳам овард;
он чи пешбинӣ намудаам, яқинан иҷро хоҳам кард.
12Маро бишнавед, эй сахтдилон,
ки аз адолат дур шудаед!
13Ман адолати Худро наздик овардаам, ва он дур нест,
ва наҷоти Ман таъхир нахоҳад кард;
ва наҷотро дар Сион барои Исроил,
ки шукӯҳи Ман аст, хоҳам бахшид».

Currently Selected:

Ишаъё 46: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in