YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 44

44
БОБИ ЧИЛУ ЧОРУМ
Ваъда дар бораи Рӯҳулқудс.
Дар бораи беандешагии шарорат.
1«Вале акнун, эй бандаи Ман Яъқуб, бишнав,
ва эй Исроил, ки Ман туро баргузидаам.
2Худованд, ки туро офаридааст,
ва туро аз батн ба вуҷуд овардааст,
ва туро ёварӣ медиҳад, чунин мегӯяд:
эй бандаи Ман Яъқуб, натарс,
ва эй Ешурун, ки туро баргузидаам.
3Зеро ки об бар ташна,
ва чашмаҳо бар хушкӣ хоҳам рехт;
рӯҳи Худро бар насли ту,
ва баракати Худро бар зурьёти ту хоҳам рехт.
4Ва онҳо дар миёни алаф,
мисли дарахтони бед назди ҷӯйҳои об, хоҳанд сабзид.
5Яке хоҳад гуфт: „Ман аз они Худованд ҳастам“;
ва дигаре худро ба номи Яъқуб хоҳад хонд;
ва дигаре бо дасти худ хоҳад навишт:
„Аз они Худованд ҳастам“,
ва номи Исроилро лақаби худ хоҳад сохт».
6Худованд, ки Подшоҳи Исроил
ва Раҳокунандаи ӯст,
яъне Худованди лашкарҳо, чунин мегӯяд:
«Ман Аввалин ҳастам, ва Ман Охирин ҳастам,
ва ғайр аз Ман Худое нест.
7Ва мисли Ман кист, ки паём диҳад,
ва онро баён намояд ва ба паёми Ман монанд созад,
аз замоне ки Ман қавми қадимиро ба вуҷуд овардаам?
Пас, бигзор он чиро, ки воқеъ мешавад,
ва он чиро, ки дар оянда фаро хоҳад расид,
ба онҳо эълон намоянд.
8Натарсед ва ҳаросон нашавед:
Ман, охир, ба шумо аз қадимулайём
эълон кардаам ва хабар додаам,
ва шумо шоҳидони Ман ҳастед.
Оё ғайр аз Ман Худое ҳаст?
Ва кӯҳпорае нест,
ки Ман аз он хабар надошта бошам».
9Онҳое ки санам месозанд, саросар ночизанд, ва чизҳои писандидаи онҳо ҳеҷ фоида намебахшад, ва онҳо шоҳидони худашон мебошанд: намебинанд ва намедонанд, то ки хиҷил шаванд.
10Касе ки худое сохтааст ва санаме рехтааст, вай чӣ фоидае ба ӯ мебахшад?
11Охир, ҳамаи шарикони ӯ хиҷил хоҳанд шуд, чунки ин ҳунармандон худашон аз байни одамонанд; бигзор ҳамаашон ҷамъ омада, биистанд; онҳо ҳаросон гардида, якҷоя хиҷил хоҳанд шуд.
12Оҳангар аз оҳан теша месозад, ва онро дар ахгар кор мекунад, ва бо путкҳо сурате ба он мебахшад, ва бо куввати бозуи худ онро ба вуҷуд меоварад, дар ҳолате ки гурусна монда, беқувват мешавад, ва об нанӯшида, бемаҷол мегардад.
13Наҷҷор бар чӯб ресмон кашида, бо қалам онро нишона мекунад, бо ранда онро метарошад, ва бо паргор онро тарҳ мекашад, ва онро мисли андоми инсон, мисли ҷамоли одамизод месозад, то ки он дар хонае ҷойгир шавад.
14Арзҳоро ӯ барои худ мебуррад, ва чинор ва булутро мегирад: онҳоро аз миёни дарахтони ҷангал барои худ хуш мекунад; дарахти ғорро мешинонад, ва борон онро калон мекунад.
15Ва чӯби он барои инсон чун сӯзишворӣ кор меояд, ва ӯ аз он гирифта, худро гарм мекунад, ва онро сӯзонида, нон мепазад; ва аз ин чӯб худое сохта, онро парастиш менамояд: санаме ба вуҷуд оварда, пеши он саҷда мекунад.
16Нисфи онро дар оташ месӯзонад, бо қисми дигараш гӯштро кабоб мекунад, ва кабобро хӯрда, сер мешавад; ва гарм шуда, мегӯяд: «Ваҳ, акнун гарм шудам, рӯи оташро дидам!»
17Ва аз бақияи ин чӯб худое, яъне санаме барои худ месозад, пеши он саҷда менамояд, ва онро мепарастад, ва назди он дуо хонда, мегӯяд: «Маро наҷот деҳ, зеро ки ту худои ман ҳастӣ».
18Онҳо намедонанд ва намефаҳманд, зеро чашмҳошон баста шудааст, то ки набинанд, ва дилҳошон — то ки дарк накунанд.
19Ва ӯ ба дили худ намегузаронад, ва донишу хираде надорад, ки бигӯяд: «Як қисми онро дар оташ сӯзонидам, ва бар ахгари он нон пуҳтам, ва гӯштро кабоб карда хӯрдам; оё аз бақияи он як чизи зиште ба вуҷуд оварам? Оё ба ғӯлачӯбе саҷда намоям?»
20Ӯ бод мепаймояд: дили гумроҳаш ӯро дар иштибоҳ меандозад, ва ӯ наметавонад ҷони худро раҳо карда, бигӯяд: «Оё он чи дар дасти рости ман аст, дурӯғ нест?»
21Инҳоро дар хотир нигоҳ дор, эй Яъқуб
ва эй Исроил, зеро ки ту бандаи Ман ҳастӣ;
Ман туро ба вуҷуд овардаам; ту бандаи Ман ҳастӣ,
эй Исроил,
ту аз хотири Ман фаромӯш нахоҳӣ шуд.
22Гуноҳҳои туро мисли абр,
ва хатоҳои туро мисли шаҳоб маҳв кардаам;
ба Ман руҷӯъ намо, зеро ки Ман туро раҳонидаам.
23Тараннум намо, эй афлок, зеро ки Худованд
инро ба амал овардааст.
Нидо кунед, эй умқҳои замин,
бо шодӣ овоз баланд кунед, эй кӯҳҳо
ва ҷангалҳо ва ҳар дарахте ки дар онҳо бошад,
зеро ки Худованд Яъқубро раҳонидааст,
ва дар Исроил ҷалол хоҳад ёфт.
24Худованд, ки Раҳокунандаи туст,
ва туро аз батн ба вуҷуд овардааст, чунин мегӯяд:
«Ман Худованд ҳастам, ки ҳама чизро ба амал овардаам,
афлокро ба танҳоӣ паҳн кардаам, заминро густурдаам;
кист, ки он вақт бо Ман бошад?»
25Ӯ аломатҳои козибонро ботил менамояд
ва соҳиронро аз ақл бегона мекунад,
ҳакимонро қафо мегардонад
ва дониши онҳоро ба ҳамоқат табдил медиҳад;
26Ӯ каломи бандаи Худро ба амал меоварад
ва машварати элчиёни Худро ба иҷро мерасонад;
Ӯ дар бораи Ерусалим мегӯяд:
«Маскан хоҳад шуд!»
ва дар бораи шаҳрҳои Яҳудо:
«Онҳо бино хоҳад шуд,
ва харобаҳои онро аз нав барқарор хоҳам кард!»
27Ӯ ба варта мегӯяд: «Хушк шав,
ва наҳрҳои туро хушк хоҳам кард!»
Нубувват дар бораи Куруш ва дар бораи он ки Эзро ва Наҳемьё салтанатро аз нав баркарор мекунанд.
28Ӯ дар бораи Куруш мегӯяд: «Вай чӯпони Ман аст,
ва ҳар он чиро хостаам, ба иҷро хоҳад расонид».
Ва дар бораи Ерусалим мегӯяд: «Бино хоҳад шуд!»
ва дар бораи маъбад: «Буньёди ту ниҳода хоҳад шуд!»

Currently Selected:

Ишаъё 44: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in