YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 35

35
БОБИ СИЮ ПАНҶУМ
Ҷалол ёфтани қавми Худо баъд аз андӯҳҳо.
Ҷамъ шудани Исроил.
1Биёбон ва саҳрои хушк ба ваҷд хоҳад омад,
ва чӯл шод хоҳад гардид,
мисли гули савсан хоҳад шукуфт;
2Гул‐гул шукуфта ва шод гардида,
аз хурсандӣ ва тараннум пур хоҳад шуд;
ҷалоли Лубнон ва шавкати Кармил
ва Шорӯн ба вай ато хоҳад шуд;
онҳо ҷалоли Худованд
ва шавкати Худои моро хоҳанд дид.
3Дастҳои беқувватро қавӣ кунед,
ва зонуҳои ларзонро тақвият диҳед.
4Ба дилҳои тарсончак бигӯед:
«Қавӣ бошед! Натарсед!
Инак, Худои шумо бо интиқом меояд,
бо подоши илоҳии Худ меояд:
Ӯ омада, шуморо наҷот хоҳад дод».
5Он гоҳ чашмони кӯрон кушода хоҳад шуд,
гӯшҳои карон воз хоҳад шуд.
6Он гоҳ ланг мисли гавазн ҷастухез хоҳад кард,
ва забони гунг тараннум хоҳад намуд,
зеро ки обҳо дар биёбон,
ва рӯдҳо дар чӯл ҷӯш хоҳад зад.
7Ва сароб ба кӯл табдил хоҳад ёфт,
ва хушкӣ — ба чашмаҳои об;
дар маскане ки шағолон мехобанд,
маконе барои най ва қамиш хоҳад буд.
8Ва дар он ҷо шоҳроҳе ва ҷоддае хоҳад буд,
ва он роҳи муқаддас номида хоҳад шуд;
наҷисе аз он нахоҳад гузашт;
балки он барои онҳо хоҳад буд,
ва ҳар кӣ бо ин роҳ равад, ҷоҳил бошад ҳам,
гумроҳ нахоҳад шуд.
9Шере дар он ҷо нахоҳад буд,
ва ҳайвони даррандае бар он нахоҳад баромад
ва дар он ҷо ёфт нахоҳад шуд,
балки растагорон бар он қадамгузор хоҳанд шуд.
10Ва растагорони Худованд баргашта,
бо тараннум ба Сион хоҳанд омад,
ва хурсандии абадӣ бар сари онҳо хоҳад буд;
онҳо ба шодӣ ва хурсандӣ ноил хоҳанд гардид,
ва андӯху фиғон нест хоҳад шуд.

Currently Selected:

Ишаъё 35: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in