Ишаъё 36
36
БОБИ СИЮ ШАШУМ
Тохтутози Санҳериб.
1Дар соли чордаҳуми подшоҳ Ҳизқиё воқеъ шуд, ки Санҳериб, подшоҳи Ашшур, бар ҳамаи шаҳрҳои истеҳкомдори Яхудо ҳуҷум оварда, онҳоро забт намуд.
2Ва подшоҳи Ашшур Рабшоқеро аз Локиш ба Ерусалим назди подшоҳ Ҳизқиё бо лашкари азиме фиристод, ва ӯ назди ҷӯи ҳавзи боло, дар роҳи саҳрои козар истод.
3Ва Ильёқим ибни Ҳилқиё, ки нозири боргоҳ буд, ва Шебнои мирзо ва Юоҳ ибни Ософи вақоеънавис назди ӯ берун омаданд.
Таклифи Рабшоқе.
4Ва Рабшоқе ба онҳо гуфт: «Ба Ҳизқиё бигӯед: „Подшоҳи бузург, подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: ин чӣ таваккалест, ки бар он таваккал кардаӣ?
5Ман мегӯям: оё ин хама суханони ботил ба ҷои машварат ва қуввати ҷанг аст? Пас кист, ки бар вай таваккал карда, ба ман осӣ шудаӣ?
6Инак, бар ин асои наи нимшикаста, яъне бар Миср таваккал мекунӣ, ки агар касе бар он такья кунад, ба дасташ халида, онро захмдор месозад; чунин аст фиръавн, подшоҳи Миср, барои ҳамаи онҳое ки бар ӯ таваккал мекунанд.
7Ва агар ба ман гӯӣ, ки бар Худованд Худои мо таваккал мекунем, — Ӯ оё ҳамон нест, ки минбарҳо ва қурбонгоҳҳояшро Ҳизқиё аз миён бардошта, ба Яҳудия ва Ерусалим гуфтааст: фақат пеши ин қурбонгоҳ саҷда намоед?
8Ва акнун, лутфан, бо оғои ман, подшоҳи Ашшур, шарт бибанд, ва ман ду ҳазор асп ба ту хоҳам дод, агар ту барои худ саворонро бар онҳо тавонӣ ба даст оварӣ.
9Пас, чӣ гуна ту мехоҳӣ рӯи пошо, яъне яке аз хурдтарин бандагони оғои маро баргардонӣ, ва бар Миср барои аробаҳо ва саворон таваккал намоӣ?
10Ва оё ман алҳол бе изни Худованд бар ин замин ҳуҷум овардаам, то ки онро хароб кунам? Худованд ба ман гуфтааст: бар ин замин ҳуҷум овар ва онро хароб кун!“»
11Ва Ильёқим ва Шебно ва Юоҳ ба Рабшоқе гуфтанд: «Бо бандагони худ ба забони арамӣ гуфтугузор кун, зеро ки онро мефаҳмем; ва бо мо ба забони яҳудӣ дар гӯши қавме ки бар ҳисор мебошанд, гуфтугузор накун».
12Ва Рабшоқе гуфт: «Оё оғои ман маро фақат назди оғои ту ва назди ту фиристодааст, то ки ин суханонро бигӯям? Не, назди ин мардум низ фиристодааст, ки бар ҳисор нишастаанд, ва ҳамчун шумо наҷосати худро хоҳанд хӯрд ва пешоби худро хоҳанд нӯшид».
13Ва Рабшоқе бархост ва бо овози баланд ба забони яҳудӣ фарьёд зада, гуфт: «Суханони подшоҳи бузург, подшоҳи Ашшурро бишнавед!
14Подшоҳ чунин мегӯяд: „Бигзор Ҳизқиё шуморо фирефта накунад, зеро ки ӯ наметавонад шуморо раҳо намояд;
15Ва бигзор Ҳизқиё шуморо ба Худованд умедвор карда, нагӯяд, ки Худованд моро ба яқин раҳо хоҳад намуд, ва ин шаҳр ба дасти подшоҳи Ашшур таслим нахоҳад шуд.
16Ба Ҳизқиё гӯш надиҳед, зеро ки подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: бо ман мусолиҳа намоед ва пеши ман берун оед; ва ҳар яке меваи токи худро, ва ҳар яке анҷири худро хоҳед хӯрд, ва ҳар яке аз оби чоҳи худ хоҳед нӯшид,
17То вақте ки ман биёям ва шуморо гирифта, ба замине монанди замини худатон, ба замини ғалла ва шарбат, ба замини нон ва токзор бибарам.
18Мабодо Ҳизқиё шуморо фирефта карда, гӯяд: Худованд моро раҳо хоҳад намуд! Оё худоёни халқҳо, ҳар яке замини худро, аз дасти подшоҳи Ашшур раҳо кардаанд?
19Худоёни Ҳамот ва Арпод куҷоянд? Худоёни Сефарвоим куҷоянд? Ва оё Сомарияро аз дасти ман раҳо кардаанд?
20Аз ҳамаи худоёни ин заминҳо кист, ки замини худро аз дасти ман раҳо карда бошад? Пас наход ки Худованд Ерусалимро аз дасти ман метавонад раҳо кунад?“»
21Валекин онҳо хомӯш монда, ба ҷавоби вай сухане нагуфтанд, зеро подшоҳ амр фармуда гуфта буд, ки «ба вай ҷавоб надиҳед».
22Ва Ильёқим ибни Ҳилқиё, ки нозири боргоҳ буд, ва Шебнои мирзо, ва Юоҳ ибни Ософи вақоеънавис бо ҷомаҳои чокзада назди Ҳизқиё омаданд, ва суханони Рабшоқеро ба ӯ гуфтанд.
Currently Selected:
Ишаъё 36: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.