1
Ишаъё 35:10
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Ва растагорони Худованд баргашта, бо тараннум ба Сион хоҳанд омад, ва хурсандии абадӣ бар сари онҳо хоҳад буд; онҳо ба шодӣ ва хурсандӣ ноил хоҳанд гардид, ва андӯху фиғон нест хоҳад шуд.
Compare
Explore Ишаъё 35:10
2
Ишаъё 35:3-4
Дастҳои беқувватро қавӣ кунед, ва зонуҳои ларзонро тақвият диҳед. Ба дилҳои тарсончак бигӯед: «Қавӣ бошед! Натарсед! Инак, Худои шумо бо интиқом меояд, бо подоши илоҳии Худ меояд: Ӯ омада, шуморо наҷот хоҳад дод».
Explore Ишаъё 35:3-4
3
Ишаъё 35:8
Ва дар он ҷо шоҳроҳе ва ҷоддае хоҳад буд, ва он роҳи муқаддас номида хоҳад шуд; наҷисе аз он нахоҳад гузашт; балки он барои онҳо хоҳад буд, ва ҳар кӣ бо ин роҳ равад, ҷоҳил бошад ҳам, гумроҳ нахоҳад шуд.
Explore Ишаъё 35:8
4
Ишаъё 35:5
Он гоҳ чашмони кӯрон кушода хоҳад шуд, гӯшҳои карон воз хоҳад шуд.
Explore Ишаъё 35:5
5
Ишаъё 35:6
Он гоҳ ланг мисли гавазн ҷастухез хоҳад кард, ва забони гунг тараннум хоҳад намуд, зеро ки обҳо дар биёбон, ва рӯдҳо дар чӯл ҷӯш хоҳад зад.
Explore Ишаъё 35:6