Ишаъё 34
34
БОБИ СИЮ ЧОРУМ
Доварӣ бар халқҳо: Ҳармиҷидӯн.
1Эй халқҳо, наздик омада, бишнавед!
Ва эй қабилаҳо, бодиққат гӯш кунед!
Бигзор замин ва ҳар чи дар он аст, дуньё
ва ҳар чи дар он ба вуҷуд меояд, бишнавад!
2Зеро ки ғазаби Худованд бар ҳамаи халқҳост,
ва хашми Ӯ бар тамоми лашкари онҳост.
Ӯ онҳоро ба ҳалокат маҳкум кардааст,
ба катл таслим намудааст.
3Ва мақтулони онҳо партофта хоҳанд шуд,
ва тааффуни ҷасадҳои онҳо хоҳад баромад,
ва қӯҳҳо аз хуни онҳо гудохта хоҳад шуд.
4Ва тамоми лашкари осмон фано хоҳад шуд,
ва осмон мисли тӯморе хоҳад печид,
ва тамоми лашкари он бетароват гардида,
фурӯ хоҳад ғалтид,
мисли барги ток, ки пажмурда шуда мерезад,
ва мисли меваи хом аз дарахти анҷир.
5Зеро ки шамшери Ман дар осмон сероб гардидааст:
инак, бар Адӯм ва бар қавме ки ба ҳалокат
маҳкум намудаам,
барои доварӣ меояд.
6Шамшери Худованд аз хун пур,
аз чарбу фарбеҳ шудааст, — аз хуни мешон ва такаҳо,
аз чарбуи гурдаҳои қӯчқорон:
зеро ки барои Худованд дар Басра забҳ аст,
ва куштори бузурге дар замини Адӯм.
7Ва говмешон бо онҳо хоҳанд афтод,
ва гӯсолаҳо бо нарговон;
ва заминашон аз хун сероб,
ва хокашон аз чарбу фарбеҳ хоҳад шуд.
8Зеро ки барои Худованд рӯзи интиқом аст, —
соли подош барои даъвои Сион.
9Ва наҳрҳои он ба қатрон,
ва хоки он ба кибрит табдил хоҳад ёфт,
ва замини он қатрони сӯзон хоҳад шуд.
10Шаб ва рӯз хомӯш нахоҳад шуд;
дуди он то абад хоҳад баромад;
аз насл ба насл харобазор хоҳад монд;
то абадуддаҳр касе дар он гузар нахоҳад кард.
11Ва онро мурғи саққо ва хорпушт тасарруф
хоҳанд намуд;
ва бум ва зоғ дар он сокин хоҳанд шуд;
ва Ӯ ресмони вайронӣ,
ва шоқули харобиро бар он хоҳад кашид.
12Аз ашрофу аъёнаш, ки ба подшоҳӣ даъват намоянд,
касе дар он ҷо нахоҳад буд;
ва ҳамаи миронаш нест хоҳанд шуд.
13Ва дар қасрҳояш хорбӯттаҳо хоҳад рӯид,
ва бар қалъаҳояш — газна ва мушхор;
ва он маскани шағолон
ва иқоматгоҳи шутурмурғон хоҳад шуд.
14Ва дар он гурбаҳои ваҳшӣ ба рӯбоҳон дучор
хоҳанд омад,
ва ғӯл ёри худро хоҳад хонд;
ифрит низ дар он ҷо фароғат хоҳад кард,
ва барои худ оромгоҳ хоҳад ёфт.
15Дар он ҷо тирмор ошьёна сохта, тухм хоҳад монд,
ва бача бароварда, дар зери сояи худ ҷамъ хоҳад кард;
қарчиғайҳо низ дар он ҷо
яке бо дигаре ҷамъ хоҳанд шуд.
16Китоби Худовандро бодиққат қироат намуда,
хоҳед дид,
ки ҳеҷ яке аз инҳо кам нахоҳад буд:
яке дигареро гум нахоҳад кард;
зеро ки даҳони Ӯ амр фармудааст,
ва рӯҳи Ӯ онҳоро ҷамъ намудааст.
17Ва Ӯ барои онҳо қуръа партофтааст,
ва дасти Ӯ онро барои онҳо бо ресмоне
тақсим кардааст;
то абад онро тасарруф хоҳанд намуд,
аз насл ба насл дар он сокин хоҳанд буд.
Currently Selected:
Ишаъё 34: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.