YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 33

33
БОБИ СИЮ СЕЮМ
Давоми еаъдаҳо ва огоҳиҳо.
1Вой бар ту, эй тороҷгар,
ки ҳанӯз тороҷ нашудаӣ,
ва эй хиёнатгар, ки дар ҳаққи ту ҳанӯз
хиёнат накардаанд!
Чун тороҷи худро ба итмом расонӣ, тороҷ хоҳӣ шуд;
чун хиёнати худро анҷом диҳӣ, дар ҳаққи ту
хиёнат хоҳанд кард.
2Худовандо! Ба мо раҳм намо: ба Ту умед бастаем;
ҳар бомдод бозуи мо бош,
ва наҷоти мо низ дар замони тангӣ.
3Аз овози пурғулғулаи Ту қавмон хоҳанд гурехт;
аз кибриёи Ту халқҳо пароканда хоҳанд шуд.
4Ва ғанимати шуморо ҷамъ хоҳанд кард,
чунон ки мӯрон ҷамъ мекунанд;
бар он хоҳанд давид, чунон ки анбӯҳи
малахҳо медаванд.
5Худованд олишон аст, зеро ки сокини афроз аст;
Ӯ Сионро аз инсоф ва адолат пур хоҳад кард.
6Ва айёми ту бо ганҷи наҷот,
ҳикмат ва дониш устувор хоҳад шуд;
тарси Худованд махзани он хоҳад буд.
7Инак, зӯроварони онҳо дар кӯчаҳо фарьёд мезананд;
злчиёни сулҳу осоиштагӣ зор‐зор гирья мекунанд.
8Роҳҳо хароб шудааст; роҳгузаре боқӣ намондааст;
вай аҳдро шикастааст, шаҳрҳоро зеру забар кардааст,
ба мардум беэътиноӣ намудааст.
9Замин мотам гирифтааст, ноком шудааст;
Лубнон пажмурда шудааст, хушкидааст;
Шорӯн мисли биёбон гардидааст,
ва Бошон ва Кармил баргҳои худро рехтаанд.
10«Алҳол хоҳам бархост, — мегӯяд Худованд,
алҳол баланд хоҳам шуд, алҳол сууд хоҳам кард.
11Шумо ба хошок ҳомила шуда, хас хоҳед зоид;
нафаси шумо оташест, ки шуморо хоҳад сӯзонид.
12Ва қавмон мисли оҳаки сӯхтае хоҳанд буд,
мисли хорҳои бурида дар оташ хоҳанд сӯхт».
13Эй онҳое ки дур ҳастед, он чиро, ки Ман
кардаам, бишнавед!
Ва эй онҳое ки наздик ҳастед, кудрати Маро бидонед!
14Гуноҳкорон дар Сион ба ҳарос афтодаанд,
риёкоронро ларза гирифтааст:
«Кист аз мо, ки тавонад дар оташи сӯзон
сокин шавад?
Кист аз мо, ки тавонад дар алангаи абадӣ
сокин шавад?»
15Касе ки бо роҳи сидқу вафо равон аст
ва аз рӯи ростӣ сухан меронад,
касе ки аз ҳирси истисмор нафрат дорад,
дастҳои худро аз гирифтани ришва нигоҳ медорад,
гӯши худро аз шунидани суханони
оид ба хунрезӣ мебандад
ва чашмони худро аз дидани шарорат мепӯшад, —
16Вай дар баландиҳо сокин хоҳад шуд;
сахраҳои дастнорас паноҳгоҳи вай хоҳад буд;
нони вай дода хоҳад шуд;
оби вай таъмин хоҳад буд.
17Чашмони ту Подшоҳро дар зебоин Ӯ хоҳад дид,
ба замини паҳновар нигоҳ хоҳад кард.
18Дили ту даҳшатҳоро ба хотир хоҳад овард:
«Куҷост он кас, ки мешумурд?
Куҷост он кас, ки баркаш мекард?
Куҷост он кас, ки бурҷҳоро дар шумор меовард?»
19Кавми ситампешаро дигар нахоҳед дид, —
қавмеро, ки нутқаш мушкил аст, ба тавре ки
кас наметавонад шунавад,
ва забонаш аҷибу ғариб аст, ба тавре ки
кас наметавонад фаҳмад.
20Ба Сион, ки шаҳри ҷамъомадҳои идонаи мост,
бингар!
Чашмони ту Ерусалимро хоҳад дид,
ки маскани амният
ва хаймаи ноҷунбон аст;
мехҳои вай ҳаргиз канда
ва танобҳояш гусехта нахоҳад шуд.
21Зеро ки дар он ҷо Худованди неруманд
барои мо мисли макони наҳрҳо
ва рӯдҳои фарохе хоҳад буд,
ки ҳеҷ сафинаи бодбондор дар он дохил
нахоҳад шуд,
ва киштии бузург аз он нахоҳад гузашт.
22Чунки Худованд довари мост,
Худованд қонунгузори мост,
Худованд подшоҳи мост;
Ӯ моро наҷот хоҳад дод.
23Танобҳои ту суст шудааст,
ба тавре ки наметавонад пояи сутуни киштиро
маҳкам нигоҳ дорад
ва бодбонро бикшояд.
Он гоҳ ғанимати зиёде тақсим карда хоҳад шуд,
ва ҳатто лангон ба яғмо хоҳанд бурд.
24Ва сокине нахоҳад гуфт: «Ман бемор ҳастам»;
барои қавме ки дар он ҷо иқомат доранд,
гуноҳашон омурзида хоҳад шуд.

Currently Selected:

Ишаъё 33: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in